Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
ДОСТОНИ ҲИЛОЛ
Чун шунидӣ баъзе авсофи Билол,
Бишнав акнун қиссаи заъфи Ҳилол.
Достони Билолро шунидӣ, акнун қиссаи бемории Ҳилолро бишнав, ки чизи дигаре аст.
Ҳилол дар равишу рафтор пешрави Билол буду бо бадиву ноҳинҷориҳо пештару бештар аз ӯ кӯшиш буд. Ӯ ҳар дам ба сӯйи камолот пеш мерафт, на мисли касе, ки ҳар дам пасттар меравад ва ба ҷойи он ки гавҳаре бишавад, санг мегардад. Монанди он марди доро, ки шахсе меҳмонаш шуда буд ва аз ӯ пурсид, ки чандсола аст. Меҳмон гуфт:
– Ҳаждаҳ ё ҳафтдаҳ ё шонздаҳ ё понздаҳсола. Соҳиби хона гуфт:
– Аз умрат надузд. Ин тавр ки ту паст-паст меравӣ, ба шиками модарат боз мегардӣ.
Ё ин ки касе аз амире асп хост. Амир гуфт:
– Бирав ва он аспи сафедро гир.
Мард гуфт:
– Он аспро намехоҳам, зеро ҳам паст-паст меравад ва ҳам саркаш аст.
Амир гуфт:
– Агар чунин аст, думашро ба сӯйи хона кун.
Думи асп нафси одамии шаҳват аст ва ба ин ҷиҳат ӯро ба сӯйи ақиб мекашад ва намегузорад, ки пеш равад.
Агар пеши шаҳватро бигирӣ, ақли ту нашъунамо мекунад ва он қуввае, ки сарфи шаҳват мекунӣ, ба кори парвариши ақлу дониши ту кӯмак хоҳад кард, чунон ки боғбон сари шохҳои дарахтонро мебурад, то навдаҳои тозаи боровар аз нав сар бароранд.
Корвон дар сармои сахти зимистонӣ ба деҳа расид. Дари хонае боз буд. Яке аз корвониён гуфт:
– Дар ин ҳавои сард беҳтар аст, ки дар ин хона борҳоро фурорем.
Касе аз даруни хона фарёд зад:
– Ҳар чӣ афканданӣ аст, онро берун фуроред, он гоҳ ба даруни хона биёед!
Ҳилол як бандаи равшандилу ғуломи боимон буд. Ӯ дар зоҳир банда буд, аммо тоҷи сари шоҳон буд. Вале амир, ки хоҷаи ӯ буд, аз ҳолаш огаҳӣ надошт.
Ҳилол бемор шуд ва нуҳ рӯз дар бистари беморӣ буд, хоҷааш намедонист, аммо Паёмбари акрам (с) бо неруи ваҳй аз ҳоли ӯ бохабар шуду ба дидораш шитофт.
Расули Худо (с) бо дӯстону ёрони худ ба роҳ афтод ва чун ба наздикии манзили онҳо расид, ба хоҷа хабар доданд. Аз шодию хушҳолӣ, ба гумони ин ки Паёмбар барои дидорбинии ӯ омадааст, аз ҷой барҷаҳид ва ба пешвози эшон рафт.
Муҳаммад (с) гуфт, ки ман барои дидорбинии ту наомадам. Хоҷа гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор