Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз ошноён гуфт:
– Ба Бухоро бознагард, ҷонат дар хатар аст. Садриҷаҳон бар ту хашм гирифтааст ва дигарон ба ту туҳмат задаанд. Фирори ту шоҳро бештар хашмгин кардааст ва туро мекушад.

Дарнигар пасро ба ақлу пешро,
Ҳамчу парвона масӯзон хешро.
Чун Бухоро меравӣ, девонаӣ,
Лоиқи занҷиру зиндонхонаӣ.
Ӯ зи ту оҳан ҳамехояд зи хашм,
Ӯ ҳамеҷӯяд туро бо бист чашм.
Мекунад ӯ тез аз баҳри ту корд,
Ӯ саги қаҳт асту ту анбони орд.
Чун раҳидиву Худоят роҳ дод,
Сӯйи зиндон меравӣ? Чунат фитод?

Мард гуфт:
– Эй дӯст, пандам мадеҳ! Ҷонам дар гарави муҳаббати Садриҷаҳон аст ва аз дурии ӯ дар ранҷам. Беш аз ин ҳам тоби дурӣ аз ёру диёр надорам. Бо ин хаёл роҳӣ ба Бухоро шуд.

Ту макун таҳдид аз куштан, ки ман
Ташнаи зорам ба хуни хештан.
Ошиқонро ҳар замоне мурданест,
Мурдани ушшоқ худ як навъ нест.
Ӯ дусад ҷон дорад аз ҷони ҳудо
В-он дусадро мекунад ҳар дам фидо.

Ошноён ӯро диданд ва дар шигифт шуданд. Гуфтанд:
– Худро пинҳон кун. Сипоҳиён дар ҷустуҷӯйи ту ҳастанд. Мард гуфт:
– Ман ташнае ҳастам. Ташнаи обро наметавон аз нӯшидан боздошт. Ман омадаам, ки худро ба шоҳ таслим кунам, ҳар чӣ кунад, мепазирам.
Ин бигуфту ба сӯйи шоҳ ба роҳ афтод. Ҳар кас ӯро медид, бар ҷонаш метарсид, намедонист, ки ӯ парвона аст ва аз сӯхтан намеҳаросад.
Ҳикоят мекунанд, ки дар канори шаҳри Рай* масҷиде буд, ки мардум онро меҳмонкуш меномиданд, чунки ҳар кас шабе дар он мехобид, бомдод зинда аз хоб барнамехест.

Ҳеч кас дар вай нахуфтӣ шаб зи бим,
Ки на фарзандаш шудӣ он шаб ятим.
Баски андар вай ғарибу ур* рафт,
Субҳдам чун ахтарон дар гӯр рафт.

Мардумон мегуфтанд:
– Ин масҷид ҷойи париён аст, ки шабҳо бар сари меҳмон мерезанд ва ӯро мекушанд. Дигарон мепиндоштанд, ки дар масҷид тилисме ниҳодаанд ва ҷони ҳар касро, ки шаб он ҷо бимонад, мегирад. Рӯзе дарвеше аз роҳ расид ва қасд кард, ки шаб он ҷо бихобад. Мардумон ӯро аз хатаре, ки пешбинӣ мешуд, огоҳ карданд.
Дарвеш гуфт:
– Шунидаам ва имшаб мехоҳам ҳақиқатро дарёбам. Ман аз марг наметарсам. Ҳар кас як бор мемирад. Марг дарест, ки ба сӯйи ҷаҳони фароху озода кушода мешавад.

пешина
аз 176
навбатӣ