Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

– Ҷонам фидои ту бод! Бигӯ, дар ҷустуҷӯйи ки ҳастӣ, то ман пеши пойи ӯ ҷон бидиҳам.
Он гоҳ Паёмбари акрам (с) аз Ҳилол суроғ карду аз ҳоли ӯ ҷӯё шуд. Хоҷа гуфт, ки ӯ ғуломи ӯст ва посбони аспҳост, ҷояш дар саисхона буда, чанд рӯз боз ӯро надидааст.
Саисхона торику ифлос буд. Аммо ба расидани Муҳаммад (с) ҳама осори ифлосию нопокӣ ва торикии он ҷо нопадид шуд ва чун Яъқуб, ки бӯйи Юсуфро шамид, Ҳилол аз омадани Пайғамбар огоҳ шуду кашонкашон худро ба наздики ӯ расонид.
Паёмбари акрам (с) ӯро дар бар кашид ва гуфт:
– Эй гавҳари пинҳон ва эй дурри афтода аз ёрон. Дар чӣ ҳолӣ?
Гуфт:
– Ман саис будам. Туро, ки акнун дидам, сарам назди тоҷи шоҳӣ хам намешавад.
Ҳоло достони Ҳилолро гуфтам, ки дар луғат ба маънои моҳи нопурра аст ва чун пурра шавад, онро бадр номанд, чанд сухане бигӯем.
Ҳилол чизи дигаре ҷуз нур нест, вале муқаррар аст, ки он кам-кам шакли моҳи комилро мегирад. Барои ба камол расидан роҳ ҳаст ва ин роҳро якбора наметавон тай кард. Бояд ба тадриҷ он роҳро паймуд.
Магар на Худованди тавоно буд, ки фалакро ба як лаҳза метавонист биофарад, вале онро дар шаш рӯз бино кард ё хилқати Одамро дар чиҳил рӯз кашид, ё чаро кӯдак нуҳ моҳ дар шиками модар монд? Сабру тоқат тадбири Ҳақ аст. Шитоб дар кори табиат нест. Ҳар чиз бояд дар навъи худ комил шавад ва ба коре, ки нигаронда шудааст, онро ба хубӣ анҷом дода тавонад.

ДОСТОНИ ҒУЛОМУ ПЕШКОРИ САДРИҶАҲОН

Пешкори Садриҷаҳон – подшоҳи Бухороро, ки ғуломи бовафое буд, бегуноҳ туҳмат карданд ва аз тарсу хашми шоҳ пинҳонӣ аз Бухоро гурехт. Овораи шаҳрҳои Хуросон шуд. Даҳ сол ҳамчунон саргардон буд. Оқибат аз оворагию дурии ватану шоҳ ба хаёли бозгашт афтод.

Аз фироқ ин хокҳо шӯра бувад,
Об зарду гандаю тира шавад.

Пеши худ фикр кард:
– Ба Бухоро бармегардам ва худро таслими шоҳ мекунам. Ҳар чӣ мехоҳад, бикунад, беҳтар аз оворагӣ ва дарбадарӣ аст.

Гӯям: «Афгандам ба пешат ҷони хеш,
Зинда кун ё сар бибур моро чу меш.
Куштаву мурда ба пешат, эй қамар!
Беҳ, ки шоҳи зиндагон ҷони дигар.
Озмудам ман ҳазорон бор беш,
Бе ту ширин менабинам ишқи хеш».

пешина
аз 176
навбатӣ