Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт: «Ошиқ дӯст меҷӯяд ба тафт,
Чунки маъшуқ омад, он ошиқ бирафт».

Гуфтаанд, ки пашша назди Сулаймон (а) омад ва аз дасти бод шикоят кард, ки маро осуда намегузорад.

Гуфт пашша: «Доди ман аз дасти бод,
К-ӯ ду дасти зулм бар мо баргушод.
Мо зи зулми ӯ ба тангӣ андарем,
Бо лаби баста аз ӯ хун мех(в)арем».

Сулаймон (а) бодро ҳозир кард. Чун бод омад, пашша рӯ ба гурез ниҳод.
Сулаймон гуфт:
– Куҷо меравӣ? Дар рӯйи душман сухани худ боз гӯ!

Гуфт: «Эй шаҳ! Марги ман аз буди ӯст,
Худ сиёҳ ин рӯзи ман аз дуди ӯст.
Ӯ чу омад, ман куҷо ёбам қарор?
К-ӯ барорад аз ниҳоди ман димор».

Садриҷаҳон чун ғуломро бад-он ҳол дид, ӯро дар бар гирифт ва навозиш кард. Ғулом чашм кушод ва гӯё дунёро дар бағал дошт. Ба пойи шоҳ афтоду гуфт:
– Ман аз туҳмати ҳасудон гурехтам, вале ҳар ҷо гаштам, меҳрубон чун ту наёфтам.
Мегуфту ашки шодӣ мерехт. Мардум аз ҳоли ӯ гирён шуданд, ки ин чӣ дилбастагию вафое аст!

Ақл ҳайрон, ки чӣ ишқ асту чӣ ҳол?
То фироқи ӯ аҷабтар ё висол?
Бо ду олам ишқро бегонагӣ,
Андар ӯ ҳафтоду ду девонагӣ.
Пас чӣ бошад ишқ? Дарёи адам,
Даршикаста ақлро он ҷо қадам.
Бандагиву салтанат маълум шуд,
З-ин ду парда ошиқӣ мактум шуд.
Кошкӣ ҳастӣ забоне доштӣ,
То зи ҳастон пардаҳо бардоштӣ.

Маъшуқ аз ошиқи худ пурсид:
– Ту гирди ҷаҳон гаштаӣ. Кадом шаҳр аз шаҳрҳоро хуштар дидӣ?
Гуфт:
– Шаҳри дилдорро!

Гуфт: Маъшуқе ба ошиқ, эй фато,
Ту ба ғурбат дидаӣ бас шаҳрҳо.
Пас кадомин шаҳр з-онҳо хуштар аст?
Гуфт: «Он шаҳре, ки дар он дилбар аст».

Дурии ишқ аз маъшуқ озмоиш аст. Агар аз бало чашм нагардонӣ, оқибат хушӣ хоҳӣ ёфт.
Ин тамсилро бишнав ва аз бало маҳарос. Нахӯдро бонуи хона дар деги хӯрок мерезад, ҷӯшиш ӯро болою поин мекунад. Нахӯд ба кадбону мегӯяд:
– Ту, ки маро харидаӣ, моли ту ҳастам. Дигар чаро меҷӯшониям?
Кадбону мегӯяд:

З-он наҷӯшонам, ки макрӯҳи манӣ,
Балки то гирӣ ту завқи чошнӣ.

То туро наҷӯшонам, маза пайдо намекунӣ ва хӯрданбоб намешавӣ!
Нахӯд гуфт:
– Агар чунин аст, чӣ қадар мехоҳӣ, биҷӯшон. Кафгир ба сарам бизан, то пухта шавам ва шоистаи дастархони ту гардам.

пешина
аз 176
навбатӣ