Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Ҳамчун пилам, бар сарам зан захму доғ,
То набинам хоби Ҳиндустону боғ.
Барои ҳамин аст, ки муъмин дар бало сабркунанда асту хурсанд, чун медонад, ки ҳар балое раҳнамои хайре аст ва ҳар дарду талоше поёни хушӣ хоҳад дошт.
- Рай – шаҳри қадиме дар наздикии Теҳрони Эрон.
- Ур – бараҳна, луч, урён.
ДОСТОНИ ЧАРМГАР ДАР БОЗОРИ АТРФУРӮШОН
Он яке афтод беҳушу хамид,
Чунки дар бозори атторон расид.
Ҳамчу мурдор уфтод ӯ бехабар
Нимрӯз, андар миёни раҳгузар.
Марди чармгаре аз бозори атрфурӯшон мегузашт. Чун ба бӯйи атру гул одат надошт, аз бӯйи хуш бетоб шуду аз ҳуш рафт ва ба замин афтод. Мардум гирд омаданд ва ҳар кас дармоне мекард: яке гулоб овард ва бар ӯ пошид, дигаре об бар рӯйи ӯ мерехт, яке пироҳанашро боз мекард ва дигаре набзашро мегирифт. Аммо ҳеҷ кас дармони ӯро намедонист. Хабар ба бародари чармгар расид. Донист, ки чармгар аз бӯйи хуш ба ин рӯз афтодааст. Миқдоре саргин дар кисаи худ пинҳон кард ва рӯй ба бозори атторон овард. Пеши худ мегуфт:
– Ман сабаби беҳушии ӯро медонам, ӯ ба бӯйҳои нохушу гандазо одат кардааст.
Чун бидонистӣ сабабро, саҳл шуд,
Дониши асбоб дафъи ҷаҳл шуд.
Пас чунин гуфтаст Ҷолинуси меҳ,
Он чи одат дошт бемор, он-ш деҳ.
Гар хилофи одат аст он ранҷи ӯ,
Пас давои ранҷаш аз муътод ҷӯ.
Бародар худро ба бозор расонид ва бар сари болини чармгар омад. Барои ин ки касе саргинро набинаду аз равиши дармони ӯ огоҳ нашавад, мардумро аз давру бари ӯ дур карду сар ба гӯшаш карда бо даст саргинро бар бинии ӯ молид.
Сар ба гӯшаш бурд ҳамчун розгӯ,
Пас ниҳод он чизро бар бинии ӯ.
К-ӯ ба каф саргини саг соида буд,
Доруи мағзи палид он дида буд.
Соате шуд, мард ҷунбидан гирифт,
Халқ гуфтанд, ин фусуне буд шигифт,
К-ин бихонд афсун, ба гӯши ӯ дамид,
Мурда буд, афсун ба фарёдаш расид.
Чармгар, ки бӯйи бади саргин ба биниаш расид, ба ҳуш омад. Бӯйи бад дар димоғаш печиду ба ҷунбиш афтод. Мардум дар шигифт шуданд, ки бародараш чӣ афсуне дар гӯши ӯ хонд, ки ӯ мурда буд, дубора зинда шуд. Онҳо намедонистанд, ки кори он мард чисту одати ӯ чист.
Намедонистанд, ки мушку бӯйи хуш дармони ранҷи касе, ки ҳама умраш ба бӯйҳои нохуш одат кардааст, нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор