Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
ДОСТОНИ СУЛАЙМОН ВА МАЛИКА БИЛҚИС
Билқис маликаи шаҳри Сабо буд. Сабо кишваре буд сарватманду обод. Рӯзе ба фикр афтод, ки молдории худро ба Сулаймон (а) нишон бидиҳад. Чиҳил хачир хишти зару ҳадяҳои дигар бо ҳамроҳии гурӯҳе аз дарбориёни худ ба Сулаймон (а) фиристод. Фиристодагони ӯ ба наздики пойтахти Сулаймон (а) расиданд. Ногаҳон роҳро пӯшида аз тилло диданд. То чиҳил манзил ҳамчунон фарши роҳ аз зар буд. Кам-кам фиристодаҳо пеши худ эҳсоси шарм карданд ва ҳадяи шоҳбонуи Саборо дар баробари сарвати кишвари Сулаймон (а) бисёр ночиз диданд.
Арсае, к-иш хок зарри даҳдаҳист,
Зар ба ҳадя бурдан он ҷо аблаҳист.
Чун касоди ҳадя он ҷо шуд падид,
Шармсоришон ҳаме вопас кашид.
Боз гуфтанд: «Ар касоду ар раво,
Чист бар мо? Бандафармонем мо.
Гар зару гар хок моро бурданист,
Амри фармондеҳ баҷооварданист».
Сулаймон (а), ки фиристодагони малика Билқис ва ҳадяҳои ӯро дид, хандиду гуфт:
– Ман аз шумо кай ҳадя хостам? Он чи ман мехостам, ин буд, ки коре кунед, ки шоистаи ҳадя шавад.
Ман намегӯям маро ҳадя диҳед,
Балки гуфтам лоиқи ҳадя шавед,
Ки маро аз ғайб нодир ҳадяҳост,
Ки башар онро наёрад низ хост.
Шумоҳо ситораҳое мепарастед, ки хаёл мекунед зар дуруст мекунанд, ҳол он ки бояд касеро, ки ситора меофаринад, бипарастед.
Он гоҳ фиристодагони малика Билқисро бозгардониду гуфт:
– Ман ба зарҳои шумо ҳоҷат надорам. Зарҳои маро ҳам бибаред, ки ба ман лозим нестанд. Он чи ман мехоҳам, рӯйи зард аст, ки ба ишқи Худованд ранг бохта бошад. Он дили ошиқ аст. Акнун биравед ва ба маликаи худ ҳар чӣ дидед, бозгӯед, то бидонад, ки ман чашм ба молу зар надорам, чун аз Худованд ҳар чӣ бихоҳам, ба ман медиҳад.
Фориғем аз зар, ки мо бас пурфанем,
Хокиёнро сар ба сар заррин кунем.
Дар баробари тавоноии Худованд ягона чизе, ки лозим аст, фармонбарии ӯ ва ситоиши ӯст:
Лек завқи саҷдае пеши Худо
Хуштар ояд аз дусад давлат туро.
Пас бинолӣ, ки нахоҳам мулкҳо,
Мулки он саҷда мусаллам кун маро.
Подшоҳони ҷаҳон аз бадрагӣ
Бӯ набурданд аз шароби бандагӣ.
Дороӣ ва мулки шумо моли шумо нест, балки шумо асиру нигоҳбони он ҳастед. Молики аслӣ Худои тавоност. Мо монанди мурғе ҳастем, ки донаро дида ва домро намебинад. Ин дилбохтагии ӯ ба дон, ӯро ба дом меандозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор