Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт

Ҳусайн Воизи Кошифӣ
ФУТУВВАТНОМАИ СУЛТОНӢ
АХЛОҚИ МУҲСИНӢ
РИСОЛАИ «ҲОТАМИЯ»

Таҳиякунанда ва муаллифи пешгуфтору шарҳдиҳандаи луғат Қурбон Восев

Китобе ки ҳоло пешкаши хонандагон мешавад, аз бузургтарин ва машҳуртарин рисолаҳои ахлоқии олим ва адиби асри XV Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Футувватномаи султонӣ», рисолаи «Ҳотамия» фароҳам шудааст. Китоб аҳамияти калони тарбияи ахлоқӣ дошта, бешубҳа, дар рушду камоли ҷавонони муосир кӯмак хоҳад кард.

НАЗАРЕ БА «ФУТУВВАТНОМАИ СУЛТОНӢ»,
«АХЛОҚИ МУҲСИНӢ» ВА РИСОЛАИ «ҲОТАМИЯ»

Футувват яке аз ҷараёнҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқию фалсафии гузаштагонамон буда, ҳанӯз аз давраҳои пеш аз ислом ҳамчун зодаи ҷомеаи табақоти авҷу нумуъ ёфтааст ва асосан ба табақаи аҳли меҳнати шаҳр — ҳунармандону косибон тааллуқ дошта, вобаста ба пешравии ҳаёти шаҳри асримиёнагӣ дар рушду камол будааст. Футувват истилоҳи қадимаи он ҷавонмардӣ, ки решаи паҳлавӣ дошта, дар замони Сосониён ва дар китоби «Авесто» чун истилоҳи ахлоқӣ иҷтимоӣ дар қолаби вожаҳои некманиш, некгуфтор, неккирдор ва фазилатҳои чоргонаи маънавию рӯҳӣ: фарзона, додвар, парҳезгор ва далер рехта шудааст, аз бисёр унсуру падидаҳои оинҳои тоисломӣ аз қабили зардуштиву монавӣ, маздапарастиву маздакӣ ғизои маънавӣ гирифтааст...

Сайри таърихии ин ҷараён бисёр рангоранг буда, аз замонҳои пеш аз ислом то асри XIX ва аввали асри XX, яъне то айёми ҷавонии Айнӣ, ному истилоҳҳои гуногунро ба худ қабул карда будааст.

Аз замонҳои пеш аз омадани арабҳо дар Суғду Бохтар, дар ҳама шаҳрҳо монанди Самарқанду Бухоро, Марву Пишопур, Истаравшану Хуҷанд ва Шошу Сиистон, дар байни табақаи аҳли касаба-пешавару санъатгар одобу мақомоти хосе вуҷуд дошт. Онҳо меҳмоннавозӣ ва ёрирасонӣ ба бақии одамро асоси зиндагии худ медонистанд. Дар «Авесто» ин маънӣ хеле хуб акс ёфтааст: Шаҳриёрӣ аз он касест, ки ба бародарони нотавони худ кумак кунад. Падидаи дигари футувват — ҷавонмардиро дар ҷунбишҳои иҷтимоии Маздак мушоҳида менамоем. Бояд гуфт, ки ҳаракати Маздак низ ба рушди шаҳрҳо ва камолоти ҳунармандӣ вобастагии қатъӣ дорад.

аз 242
навбатӣ