Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Маздакиён мегуфтанд: «Ҳеҷ чизро набояд аз меҳмон дареғ дошт, аз ҳар тоифа ва миллате, ки бошад, ҳатто нисбат ба душманон ҳам боястӣ бо меҳрубонӣ ва улфат рафтор кард». Ба назари Маздакиён нобаробарӣ дар байни одамон ва умуман дар ҷамъият аз решаи кинаю рашк ва хашму ҷанг аст. Ҳамоно ин сабабест, ки зиндагии башарро тира сохтааст. Агар нобаробарӣ дар истифода аз неъматҳои моддӣ аз миён бардошта шавад, пояи иҷтимоии он низ аз миён хоҳад рафт.

Бояд гуфт, ки бахшандагиву саховат ва инсофу мардумӣ дар оини Маздак писанди ҳамагон шуда, дар равиши ҷараёни ҷавонмардӣ низ бетаъсир намондааст: «Мол бахшидаест миёни мардумон, ки ҳама бандагони Худои таолоанд ва фарзандони одаманд ва ба чӣ ҳоҷатманд кардан бояд? Бигузор аз моли якдигар харҷ кунанд, ҳеҷ касро бечорагӣ набошад».

Баъд аз ғалабаи ислом дар Мовароуннаҳру Хуросон ҷавонмардӣ аз байн нарафт, балки ба замми хусусиятҳои ахлоқӣ ҷиҳати иҷтимоияш боз ҳам камол ёфта, пайравони он дар гирди раисони худ дар шаҳрҳои бузург ҳарчӣ бештар муттаҳид мегардиданд. Футувватдорони ҷавонмард дар афкорашон чизи аз ҳама муҳим ва муқаддас озодӣ ва ободии ватанро медонистанд. Ин буд, ки дар шаҳри Марв Абумуслим ба хурӯҷи зидди уммавиҳо сар бардошта, тамоми ҷавонмардони ин сарзаминро дар атрофи худ ҷамъ намуд.
Абумуслим, ки ба табақаи поёнии ҷамъият мансуб буду азобҳои ногувори бегонагонро чашида, куштори ҳазорон мардуми меҳнатиро аз тарафи арабҳо ба чашмони худ дида буд, ба ҷараёни бостонии ҷавонмардӣ сахт гаравида, ба шуҷоату саховат обрӯ пайдо кард.

Насри Сайёр — амири уммавӣ дар Хуросон дар мактуби худ ба Марвон, ки охирин халифаи уммавиҳост, дар бораи хурӯҷи Абумуслим менависад: «Марди дигаре берун омадааст аз писарони сарроҷон, ки ӯро на асл асту на дин ва гурӯҳе бар вай гирд омадаанд аз фосиқони Хуросон». Аз навиштаи Насри Сайёр маълум мегардад, ки ҷавонмардӣ қабл аз омадани арабҳо ба Мовароуннаҳру Хуросон аз ҷиҳати идеологӣ ташаккул ёфта, аз гурӯҳҳои алоҳида ба ташкилоти зиддифеодалӣ сурат гирифта будааст. Дар «Равзат-уссафо» оид ба кордонии ҷавонмардони Абумуслим чунин нуктае зикр шудааст: Рӯзе Абулаббос (халифаи аввалини аббосӣ — В. Қ.) аз Абумуслим сабабҳои муваффақияти ӯро пурсид. Абумуслим дар ҷавоб гуфт:

пешина
аз 242
навбатӣ