Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Гуфт: «Сесад динор». Гуфт: «Ба девон хироҷ чӣ медиҳӣ?» Гуфт, подшоҳи мо аз дарахт чизе намегирад ва аз зироат ушр (даҳяк) мегирад. Баҳром бо худ андеша кард, ки дар мамлакати ман боғи бисёр ҳаст ва дар ҳар боғ дарахти бешумор. Агар аз ҳосили боғ низ ушр ба девон диҳанд, маблағе ҳосил мешавад ва раиятро чандон зиёне намерасад. Баъд аз ин бифармоям то хироҷ аз маҳсулоти боғот низ бигиранд. Пас боғбонро гуфт: «Қадаҳе дигар оби анор биёр». Боғбон бирафт ва пас аз муддате қадаҳи об овард. Баҳром гуфт: «Эй пир, навбати аввал рафтиву зуд омадӣ ва ин навбат интизори бисёр додӣ ва баробари он об наёвардӣ». Пир надонист, ки он ҷавон Баҳром аст. Гуфт: «Эй ҷавон, гуноҳ аз ман набуда аз подшоҳ буд, ки дар ин вақт нияти худро тағйир дода ва андешаи зулм фармуда, лоҷарам баракат аз мева берун рафт. Ман навбати аввал аз як анор он ҳама об гирифтам ва дар ин карат аз даҳ анор баробари он ҳосил нашуд». Баҳром аз ин сухан мутаассир гашт ва он андешаро аз дил берун карду гуфт: «Эй пир, як бори дигар миқдори оби анор биёр». Пир ба боғ рафт ва ба зудӣ берун омад ва қадаҳе моломол аз оби анор оварда ба дасти Баҳром доду гуфт: «Эй савор, аҷаб ҳолатест, ки подшоҳи мо он нияти зулмро тағйир дод. Алҳол асари баракат ҳосил шуд. Аз як анор ин қадаҳ пуроб шуд». Баҳром сурати ҳол ба пир дар миён ниҳод ва қиссаи нияти худу тағйири он боз гуфт ва ин сухан аз малики давлатманд ба саҳифаи рӯзгор ёдовар монд, то салотин аз ин сухан пандпазир шаванд ва нияти дар салоҳи ҳоли раият мақсуд доранд.

Ҳар шоҳ, ки ӯ нияти худ рост кунад,
Ёбад зи худой он чи дархост кунад.

Ҳукамо фармуданд, ки адл хубтарин фазилат аст ва зулм зишттарин разолат. Натиҷаи адл бақои мулку вусъати мамлакат аст ва маъмури хазоину ободонии қарияву шаҳрҳо. Ба самари зулм заволи мамлакат аст ва харобии мамлакат дар васоёи (васиятҳои) Ҳушанги Сиёмак, ки писари худро фармуд, ки эй писар, бояд, ки ояти зулмро бартараф, ҷаврро дур дорӣ ва аз новаки оҳи мазлумони ситамрасида ва нолаву зории маҳрумони меҳнатқашида бипарҳезӣ, ки гуфтаанд:

Он чи як пиразан кунад ба саҳар,
Накунад сад ҳазор тиру табар.

пешина
аз 242
навбатӣ