Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Арбоби ҳикмат дар ин боб масале пардохтаанд ва аҳли зоҳир онро ҳикояте сохта, ки Султон Маҳмуд ба аркони давлати худ гуфт, ки аблаҳтарин мардумон пайдо кунед. Бузургони даргоҳ ҳукамову нудамо ва зиракону хутобонро ба атрофу акнофи мамлакат фиристоданд ва эшон мутаваҷҷеҳ шуда ва бо истеъломи инчунин касе машғул буданд ва дар акшофи аҳволи ҷаҳон ва аҳмақон муболиға менамуданд. Ба охир шахсеро диданд, ки бар шохи дарахте баромаду табар бар буни он шох мезанад, то гусехта гардад ва маълум буд, ки агар он шох бигсилад ҳар оина он кас аз сари шохи баланд ба замин афтад ва агар фаразан ҳазор ҷон дошта бошад, якеро ба саломат набарад ва ҳама иттифоқ карданд, ки ин кас аблаҳтарини олам аст ва ӯро гирифта назди султон бурданд ва сурати ҳол ба мавқуфи арз расониданд. Султон фармуд, ки аз ӯ аблаҳтаре ҳаст, гуфтанд: Ҳазрати султон баён фармояд. Гуфт: «Ҳокими золим, ки ба ҷавру тааддӣ раияти худро барандозад ва худро ба ин восита бадбахту парешонҳол созад»:
Раият чу бех асту султон дарахт,
Дарахт, эй писар, бошад аз бех сахт.
Табар бар буни он дарахте мазан,
Ки болои шохаш гирифтӣ ватан,
Ки чун суст гардид бехи дарахт,
Зи пой андар ояд ба як боди сахт.
Касе кӯ ҷафову ситам мекунад,
Яқин аст, кӯ бехи худ меканад.
...Дар Самарқанд золиме буд, халойиқ аз ҷафои ӯ дар азоб ва аз тааддии бениҳояташ дар шиканҷаи уқубат буданд... Шабе дар ғурфаи хеш ба тахт хуфта буд, тире фуруд омаду бар синаи вай хӯрд, чунончи аз пушташ гузашт ва дарҳол ҳалок шуд. Субҳ он тир аз синаи вай берун кашиданд бар он навишта буд, ки ситам мекунӣ ва барои ситамгарон тирҳо муқаррар аст, ки дар аъзо зудтар аз сӯзан фурӯ меравад:
Ҳон, эй биҳода тири ҷафо бар камони зулм,
Андеша кун зи новаки дилдӯз дар камин.
Гар тири ту ва ҷавшани фӯлод бигзарад,
Пайкони оҳ бигзарад аз кӯҳи оҳанин.
Ва ҳаким Ҳоқонӣ гуфтааст:
Битарс аз тирборони заифон дар камини шаб,
Ки ҳар к-аз заъф нолонтар қавитар захми пайконаш.
Битарс аз оҳи мазлуме, ки бедор асту хун борад,
Ту хуш хуфта ба болини ту ояд, сели боронаш...
ДАР АВФ
Афв тарки уқубати гунаҳкор аст, дар ҳоли қудрат барад ва ин ҳислат дар фазилат бар ҷумлаи ҳислатҳои фоиқ аст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор