Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳукамо гуфтаанд: «Ҳарчанд гуноҳ бузургтар аст, фазилати авфкунанда зиёдтар аст». Овардаанд, ки яке аз гунаҳкорон назди як малик аз мулуки араб омад ва ҳол он ки чанд касро аз наздикони малик кушта буд. Малик гуфт: «Басе ҷуръат аст, ки бо вуҷуди гуноҳони бузург, ки аз ту ба нисбати ман ва хешони ман содир шуда, аз уқубати ман натарсидӣ ва наздики ман омадӣ». Ҷавоб дод, ки: «Ҷуръати ман дар омадан ба ҳазрати ту ва нотарсидан аз уқубати ту ҷиҳат он аст, ки медонам ҳарчанд гуноҳи ман бузург аст, авфи ту аз он бузургтар хоҳад буд». Малик сухани ӯро писандид ва гуноҳи ӯро авф фармуд...

Искандар аз Арасту пурсид, ки дар боби фалон гунаҳкор чӣ мегӯйӣ? Гуфт: «Эй малик агар гуноҳ набудӣ, сифати авф ки беҳтарин фазилат аст, касе зоҳир нашудӣ. Пас, гуноҳ оинаи авф аст ва гунаҳкор ба сабаби зуҳури он сифат шуда дар бораи ӯ бояд, ки ин маъни ба зуҳур расад:

Гуноҳ оинаи авфу раҳмат аст, эй шайх,
Мабин ба чашми ҳақорат гунаҳгоронро.

Искандар гуфт: «Авф дар чӣ вақт некӯст?» Гуфт: «Дар вақти қудрат ва зафар бар хасм, то ба он авф шукргузории зафар карда бошад».

Дар ҳикоёт омада, ки подшоҳе бар душмани худ зафар ёфт ва ӯро асир карда дар маҳрази итоб боз дошт. Подшоҳ аз ӯ пурсид, ки худро чун мебинӣ? Ҷавоб дод, ки Худо чизе дӯст медорад, ки он авф аст. Ва ту чизе дӯст медоштӣ, ки он зафар аст. Чун зафаре, ки ту дӯст медоштӣ ба ту арзонӣ шуд, авфе, ки Ӯ дӯст медорад ту низ ба ҷой ор! Подшоҳ ин суханро писандид ва ӯро озод кард...

З-ибтидои даври олам, то ба аҳди подшоҳ,
Аз бузургон афв будаст, аз фурӯдастон гуноҳ.

Овардаанд, ки яке аз муқаррибон ҷурме (гуноҳе) карда буд ва дар маърази таъдибу азоб афтод. Рӯзе он подшоҳ бо яке аз хос дар бораи он муҷрим мушовират мекард ва он шахс гуфт: «Агар банда ба ҷои подшоҳ будаме, ҳукми сиёсат кардаме». Шоҳ фармуд: «Акнун ту ба ҷои ман ҳастӣ, кирдори ман бояд, ки ба хилофи кирдори ту бошад. Ман ӯро афв кардам».

Гар азим аст аз фурӯдастон гуноҳ,
Афв кардан аз бузургон аъзам аст.

Ва ҳар гоҳ касе дар гуноҳе, ки аз ӯ содир шавад таҳаммул кунад ва донад, ки ба авфи Худо мӯҳтоҷ аст, бояд ки авфи худро аз гунаҳкор дареғ надорад, то Худо низ авфи худ ба вай арзонӣ дорад.

пешина
аз 242
навбатӣ