Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Овардаанд, ки рӯзе он Навбодаи бӯстони вилоят бо куран боғистони ҳидоят Сабт бинши Вахл ва Ҳусайн ибни Алӣ Ризооллоҳ бо ҷамъи муллоён аз ашрофони араб бар сари хоне нишаста буданд, ходимаш бо косаи оши гарм даромад, аз ғояти даҳшат пояш бархӯрд ва коса аз дасташ бар сари шоҳзода афтод ва онҳо бар рухсораи муборакаш фурӯ рехт. Шоҳзода хашми хеш фурӯ хӯрд. Маснавӣ:

Бадиро мукофот кардан бадӣ,
Бари аҳли сурат бувад бихирадӣ.
Ба маъни касоне, ки пай бурдаанд,
Бадӣ дидаву некӯй кардаанд...

Бибояд донист, ки ғазаб дар бисёр мавозеъ аз ҳилм беҳтар аст. Чӣ ғазабе, ки аз ҷиҳати ҳирси тамаъ ё ба воситаи такаббур ва хештандорӣ бувад, мазмум аст, аммо барои эъломи нишонаҳои дин писандида аст. Масалан, агар касе аз хиёнати маҳрамонаи ҳарами хеш ҳилм варзад, ақлан ва шаръан ва урфан мазлум бувад ва аз назари аҳли мурувват сокит шавад. Чун ғайрати бе ғазабӣ ва хушунатӣ даст диҳад, камоли мард дар он аст, ки маҳалли ҳилм ва мавзеи ғазабро ба назари саҳеҳ тамиз кунад, то ҳар ҷо он чӣ муносиб аст, ба кор барад:

Қаҳру лутф андар маҳалли худ накӯст,
Ҷои гул гул бошу ҷои хор хор.

ДАР ХУЛҚУ РАФҚ

Мурод аз хулқ хушхӯйст ва ғараз аз рафқ нармиву дилҷӯй ва яке аз созгорӣ бошад, ба мулотифат (нармӣ) ва яке корсозӣ ба мадоро ва мулоимат ва аммо хулқ некӯтарин неъмате ва зеботарин хислатест...

Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ,
Ҳеҷ аҳлият беҳ аз хулқи накӯ....

Рӯзе ҳазрати Рӯҳуллоҳ алайҳи салом ба ҷое мегузашт. Аблаҳе бо вай дучор шуд ва аз ӯ пурсид. Ӯ ба лутф ҷавобаш боздод ва он шахс муслим надошт ва оғози арбадаву сафоҳат кард ва чунончи ӯ нафрин мекард, Исо таҳсин мефармуд. Ҳарчанд вай аз муҷодила дармеомад, Исо тариқи мулотифат риоят менамуд. Азпе бад-он ҷо расид ва гуфт:

— Эй Рӯҳуллоҳ, чаро забуни ин кас шудаӣ? Ҳарчанд ӯ қаҳр мекунад, ту лутф менамой ва бо он ки ҷабру ҷафо пеш мебарад, ту меҳру вафо беш мефармой.

Исо гуфт: «Аз кӯза ҳамон бурун туро дод, ки дар ӯст.— Аз ӯ он сифат мезояд ва аз ман ин сурат меояд, ман аз вай даргазаб намешавад ва ӯ аз ман соҳиби адаб мешавад, ман аз сухани ӯ ҷоҳил намегардам, ӯ аз хулқу хӯи ман оқил мегардад».

пешина
аз 242
навбатӣ