Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Чун нашавам ман зи вай афрӯхта,
Ӯ шавад аз ман адаб омӯхта.
Ман ки задам моян даҳ ҷон шудам,
Ин сифатам дод ҳазорон шудам.
Хулқи накӯ васфи Масеҳо бувад,
Хислати бад марги мафоҷо бувад.
Ҳукамо гуфтаанд: нишони хушхӯӣ даҳ чиз аст: Аввал, бо мардумон дар кори некӯ мухолифат накардан. Дуввум, аз нафси худ инсоф додан. Саввум, айби касон наҷустан. Чаҳорум, чун аз касе зиллате дар вуҷуд ояд онро таъвили (маънидод) некӯ кардан. Панҷум, чун гунаҳкор узр хоҳад, онро пазируфтан. Шашум, ҳоҷати мӯҳтоҷ баровардан. Ҳафтум, ранҷи мардумон кашидан. Ҳаштум, айби нафси худ дидан. Нӯҳум, бо халқ рӯи тоза доштан. Даҳум, бо мардумон сухани хуш гуфтан.
Фард:
Ба ҳама халки ҷаҳон хулқи писандида намой,
Ки сӯи хулди барин роҳ бад-он хоҳад буд.
Ва чӣ зебо гуфтааст ҳам дар ин маънӣ. Байт:
Хуш аст олами озодагӣву хушхӯй,
Бад ин мақом даро, гар биҳишт мечӯй.
Аммо рафк, созгорӣ ва мадоро бошад. Ва дар хабар омада, ки рафк ба ҳеҷ чиз напайвандад ва илло, ки онро барҳам занад ва нохуш гардонад... Байт:
Ба ширинзабониву лутфу хушӣ,
Тавонӣ, ки пиле ба мӯе кашӣ.
Ардашери Бобак, ки сарири салтанатро ба зевари ҳикмат ороста буд, фарзанди худро дид ҷомаи қимате пӯшида. Гуфт:
— Эй писар, салотинро ҷомае бояд пӯшид, ки дар ҳеҷ хазона набошад ва ҳеҷ кас мисли он натавонад, ки бипӯшад. Мисли ин ҷомае, ки ту пӯшидай, ёфт мешавад ва ҳама кас метавонад пӯшид.
Писараш пурсид, ки асли ин ҷома аз чӣ чиз аст?
Гуфт: «Тораш аз некӯҳӯинву накӯкорӣ ва пудаш аз созгорӣву бурдборӣ. Агар касе дар ин калима тааммул кунад, донад, ки ҷомеа ақсоми ҳайрот аст. Подшоҳону шаҳриёронро бо ҳама корсозӣ накӯст дар ҳама вақт, созгорӣ хуш аст дар ҳама ҷой».
Қитъа:
Подшоҳону шаҳриёронро
Бо ҳама офаридагони худоӣ
Корсозӣ накӯст дар ҳама вақт
Созгорӣ хуш аст дар ҳама ҷой.
Фаридунро пурсиданд, ки мулозимонро ба чӣ чиз нигоҳ тавон дошт? Гуфт: «Ба мулозамат ва бурдборӣ». Гуфтанд: Мушкилиҳоро ба чӣ чиз ҳал тавон кард? Гуфт: Ба мулоимат ва созгорӣ. Дар ин боб гуфтаанд:
Муҳимме, ки бисёр мушкил бувад,
Ба рафқу мадоро тавон сохтан.
Тавон сохт коре ба замме чунон,
Ки натвон ба теғу синон сохтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор