Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Дасти риоят зи раният мадор,
Қори раият ба риоят супор.
Марҳамате кун, ки ҷигархастаанд,
Дар караму лутфи ту дилбастаанд.
Ҳукамо гуфтаанд, ки яке аз осори шавкати султон он аст, ки чунон раиятро дӯст дорад, ки падар фарзандро ва ҳар чӣ бар худ написандад бар эшон написандад.
То эшон низ молу ҷони худро аз вай дареғ надоранд ва ҳар чӣ доранд фидои вай кунанд ва ҳама ҳиммати худро бар дарозии умру зиёдати давлати ӯ гуморанд ва чандончи ӯро раҳму шафқат бар халқ бештар бошад...
Маснавӣ:
Бибахшоӣ, бибахшоянд бар ту,
Даро аз ғайб бикшоянд бар ту.
Агар раҳмат зи ҳақ дорӣ таманно,
Ту ҳам бар дигарон раҳме бифармо.
Ардашери Бобак писари худро васият кард, ки эй писар, ҷаҳд кун, то ба шавкат олам ва марҳамати молоқаломи раиятро аз мартабаи раиятӣ ба дараҷаи дӯстӣ расонӣ, то дилҳо аз они ту шаванд, ки чизҳои дигар тобеи дил аст. Ҳакимеро пурсиданд, ки беҳтарин шикоре подшоҳонро кадом аст. Фармуд, ки сайди дилҳои раият кардан хубтарин шикорест, зеро чун дилҳои эшонро ба худ ром диҳад, дигар ҳама чиз дар паи дил меравад ва чун дӯстии подшоҳ дар дили раият ҷой гирифт, дар ҳеҷ чиз бо вай музоиқа (тангӣ) намекунанд. Байт:
Мулки маъни талабӣ, пайравии дилҳо кун,
Лашкарат гар набувад, мулк мусаллам набувад.
Яке аз шафқатҳо он аст, ки чандон чи тавонад, мардумонро ба зироату иморат таҳриз кунад ва дар иҷрои коризҳову аҳдоси ҷӯйборҳо эшонро мададгорӣ намоянд.
Овардаанд, ки Анӯшервон ба омили худ нишон навишт, ки агар дар вилояти ту як қитъа замин номашрӯъ монад, бифармоям то туро бар дор кашанд ва ҳикмат дар ин он аст, ки фоидаи подшоҳ аз хироҷ вақте бисёр шавад, ки мамлакат ободон бувад ва ободонӣ набувад, илло бар зироат ва то ба раият мусоҳимат (осонгирӣ) накунанд ва осори шавкат дар ҳаққи эшон ба зуҳур нарасонанд, зироат муяссар нашавад.
Мамлакат маъмур хоҳӣ халкро маъмур дор,
В-аз сари эшон балои золимонро дур дор.
Дар замони султони Абӯсаиди Худобанда умаро бо раият зиёдатӣ мекарданд ва ба мусодира мол аз эшон мегирифтанд, рӯзе бо умаро гуфт, ки ман то имрӯз ҷониби раият мегирифтам, баъди имрӯз ин риоятро бартараф мекунам. Агар маслиҳат аст, биёед, то ҳамаро ғорат кунем ва ҳеҷ чиз аз мутеону ғайри он бад-эшон нагузорем, аммо ба шарти он ки дигар аз ин улуфа ва марсум наталабед. Агар баъд аз ин яке аз шумо ин навъ илтимос аз ман кунад, ӯро ба сиёсат расонам. Умаро гуфтанд: «Мо бе улуфа ва марсум чӣ гуна тавонем буд? Вазифаи хизмат ба чӣ навъ ба ҷой тавонем овард?» Гуфт: «Тартиби маҷмӯи масолеҳи мову шумо аз саъи раоё бошад, дар иморату зироат ва тиҷорат чун эшонро ғорат кунем, он замон чунин таваққуъот аз кӣ тавон кард. Шумо андеша кунед, ки агар гову тухм аз руаё бистонед ва ғаллоти эшон бихӯред, эшонро ба зарурат тарк зи риоят бояд кард ва шумо чӣ хоҳед хӯрд?» Умаро чун ин суханон шуниданд, рӯй ба навозиш ва риояти раият оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор