Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Маснавӣ:
Шунидам аз бузургони сухансанҷ,
Ки султонро раият беҳтар аз ганҷ,
К-аз ин ҳарҷ ар шавад охир сарояд,
В-аз он ҳар лаҳза дахле нав дарояд.
Ва аз ҷумлаи шафқатҳо он аст, ки ҳар рӯз бояд ки бори ом диҳад ва ба худ тафаҳҳуси додхоҳ намояд, то ҳар кас сухани худ бо вай гӯяд ва ӯ ба нафси худ бар камоҳии аҳволи мазлум вуқуф ёбад, ҳиҷоби деҳдоб (дарбонон) натавонанд ба ғарази тамаъ бар касе ҳукм кардан.
Овардаанд, ки акобири ҳарамин ба Носири халифа навиштаанд, ки хилоф туро назебад ва салтанат туро нашӯяд, ки ноибону мутааллиқони ту бар мардум зулм мекунанд ва анвои ҷурму ситам аз эшон содир мешавад. Ӯ дар ҷавоб навишт, ки ман аз ин ки шумо мегӯед, хабар надорам. Эшон дигарбора пайғом фиристоданд, ки узри ту аз гуноҳ бад аст. Бузургон гуфтаанд: Он чи туро бояд ҷавоб гуфт, ба дигаре ҳавола макун. Муҳимоту раоё бар зиммаи худ гирифта, туро вақти савол аз ӯҳдаи ҷавоб берун бояд омад. Бехабариву ғафлат дар миён чӣ кор дорад ва ин узр аз ту ки хоҳад шунид ва кай қабул хоҳанд кард...
Фарози тахти ҳукумат нишастан осон нест,
Дар он мақом басе эҳтиёт бояд кард.
Муроди оҷизу меҳнатрасида бояд дод,
Ғами фақиру машаққаткашида бояд хӯрд.
ДАР ҲАЙРОТ ВА МУБАРРАДОТ (ХУБӢ, НЕКӢ)
Тамҳиди фавоиди ҳайрот ва таъсиси (бунёд ниҳодани) мабонии мубаррот бар зиммаи ҳиммати ҳар соҳибдавлате воҷиб аст. Ин яке аз он аъмол, ки баъди нишони ҳаёт осори файзу баракати ӯ ба рӯҳи омил расад, садақаи ҷория аст. Чун масоҷиду маъобид ва мадорису хонақоҳу работҳо ва ҳавзҳою чоҳҳо ва амсоли он аз абвоб-ул-барака модоме ки асари он боқӣ бошад, ҳадяи савоб ба рӯҳбонии он восил аст. Байт:
Ҳар ки хайре кард чун маҳмил бад-он олам кашид, Рӯҳи ӯро ҳар замон файзи дигар хоҳад расид.
Ва ҳар оқили ҳушёр, ки ба сайқали иноят занги ғафлат аз оинаи хотир бизудояд ва бидонад, ки ҷоҳи дун ё ва молу матои он наздик ба заволу интиқол аст. Ҳар оина ин маъниро дархоҳад ёфт, ки ҳосил аз ояндагон ва равандагони ин саро ҷуз ба ёдгоре боқӣ нахоҳад монд ва ҳар иморати олӣ ва мавзеи шариф, ки аз табақоти мулук ва умарову аркони давлат ва тавонгарони ҳар мамлакат воқеъ шуда, асари он бар ҷароиди рӯзгор ва сафаҳоти адвори лайлу наҳор ба сабту мастур аст ва номи эшон назди ҳар арбоби ақлу нақл, балки пеши аксари асоғиру (хурдон) акобири олам маъруфу машҳур. Байт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор