Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Вақте соҳиби хабар ба самъи малик расонид, ки сипаҳсолори шумо аз ҷодаи фармонбардорӣ инҳироф хоҳад варзид ва тариқи саркашиву туғён маслак хоҳад дошт. Пеш аз он ки сурат аз қувва ба феъл ояд ба тадоруки он иштиғол бояд намуд.
Фард:
Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард, Дареғ суд надорад чу рафт кор аз даст.

Хусрав аз ин хабар андешаманд шуд ва гуфт: «Агар ӯ инони азимат аз рӯи мухолифат ба тарафе аз тарафи мамлакат бигардонад бисёре аз аъёни лашкару сарони сипоҳ бо ӯ роҳи мувофиқат пеш гиранд. Ва мумкин, ки аз овозаи ёғӣ шудани ӯ кусуре дар аркони мулк падид ояд ва аз ӯ туғёни футуре ба қавоиди салтанат роҳ ёбад». Байт:

Мабодо барорад ба бедод сар,
Ки дар мулк пайдо шавад шӯру шар.

Пас ба хости давлат ва мушовирони мамлакат дар ин боб мушоварат фармуд ва ройи ҳамагон бар он муттафиқ шуд, ки ӯро банд бояд кард. Хусрав бар ҳусни тадбири эшон офарин кард ва рӯзи дигар он асирро талаб карда ба мавзеи болотар аз маъхуди ӯ бинишонд ва зикри мафохир ва сиратҳои месутуда ва ҷалбиятҳои писандидаи ӯ бар забон ронд. Аз нафоис ва хазоин ва дафоини хеш ба ӯ ато фармуд. Мушовирони некӯрой, ки силоҳи савоб дар банд кардани ӯ дида буданд, дар маҳалли фурсат арза доштанд, ки сабаби ихтилоф чӣ буд? Шох табассум фармуда гуфт: «Ман ройҳи шуморо ихтилоф накардам ва аз азми худ инҳироф наварзидам. Шумо гуфта будед, ки ӯро банд бояд кард. Ман хостам, ки ӯро ба маҳкамтарин банд муқайяд созам. Ҳеҷ банде қавитар аз эҳсон надидам. Ва хостам, ки банд бар дилаш ниҳам, ки дил султони бадан аст.

Банди эҳсон, ки бар дил ниҳанд бар ҳеҷ чиз фусурда нагардад. Дар амсол омадааст, ки мурғи ваҳширо ба дом муқайяд тавон кард ва одамиро ба эҳсону инъом:»

Карам пеша кун, к-одамизода сайд.
Ба эҳсон тавон кард, ваҳшӣ ба қайд.
Адӯро ба алтоф гардан бибанд,
Ки натвон буридан ба теғ он каманд.
Чу душман карам бинаду лутфу ҷуд,
Набояд дигар ҳабс з-ӯ дар вуҷуд.

Ва ҳамчунончи ба хотири Хусрав расида буд, оташи мухолифаташ ба обе, ки аз сарчашмаи эҳсони подшоҳӣ мутарашшеҳ (таровишёфта) шуд, фурӯ нишаст ва бехи ниҳоли кина аз замини синаи ӯ ба қуввати сарпанҷаи карами султонӣ мункатеъ гашт. Баъд аз он чун бандагони софният ба ҷулус тӯлияти (давомнокии) камари ҷонсупорӣ бар миёни хизматгорӣ баста, бақияи умр аз мап ҳеҷ фармонбардоре рӯй барнатофт. Байт:

пешина
аз 242
навбатӣ