Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ман он бодрафтори дулдулшитоб,
Зи баҳри шумо дӯш кардам кабоб.
Ки буд зулмати абр аз пешу пас,
Ба сӯи рама раҳ намеёфт кас.
Ба навъе дигар равву роҳам набуд,
Ҷуз он бар дари боргоҳам набуд.
Мурӯвват надодам дар оини хеш,
Ки меҳмон бихуспад дил аз фоқа реш.
Маро ном бояд дар иқлим фош
Дигар маркаби номвар, гӯ мабош!
Пас аспони тозӣ ва табаррукоти ҳиҷозӣ ҷиҳати султони Рум фиристод ва расулро низ аз тӯҳфаҳои он
2 Меҳист - сардорӣ.
диёр баҳраманд сохта ба хубтар ваҷҳе равона кард. Чун элчӣ омад, Қайсар аз фаҳвои (мазмуни) ҳол хабар ёфт ва сифати инсоф пеш оварда гуфт, ки оини мурувват ва қоидаи футувват Ҳотамро мусаллам аст. Қитъа:
Тавон гуфт, к-имрӯз набвад ба олам,
Ҷуз ӯ шаҳриёрӣ диёри мурувват.
Зи рӯи ҷавонмардию меҳрубонӣ,
Бар ӯ хатм шуд кору бори футувват.
Дигар ҳакими Яман подшоҳе буд, сифати караму саховат бар ӯ ғолиб ва хислати эҳсону мурувват бар ӯ муставлӣ (ғолиб) ҳамвора мавоили (дастурхон) инъоми ӯ барои хосу ом ниҳода, фавоили икромаш ба ҷиҳати муҳтоҷону дармондагон омада. Байт:
Чу дасти ҷудбахшаш баркушодӣ,
Зи олам расми хоҳиш барфитодӣ.
Мехост, ки ҷуз номи карами ӯ бар забонҳо мазкур нашавад ва ғайр аз сифати ҷуду сахои ӯ дар атрофи олами машҳур нигарад ва бад-ин сабаб ҳаркӣ дар пеши ӯ сифати Ҳотам кардӣ, оташи ғазабаш иштиъол (шӯълавар) намуда ба изои вай машғул гаштӣ ва гуфтӣ: «Ҳотам марде саҳронишин аст ва аз ҷумлаи раияти вилояти ман. На ӯро рутбаи мамлакатдорӣ ва на мансаби фармонравой, на қуввати ҷаҳонгирӣ ва на бозӯи кишваркушой. Шеър:
На ӯро хизон асту не тахту тоҷ,
На боҷаш касе медиҳад, не хироҷ.
Пайдост, ки аз дасти ӯ чӣ карам ояд, аспу шутуру гӯсфанде чанд, ки дорад, чӣ миқдор карам намояд. Ман он чӣ дар соле ҳосили Ҳотам бошад, дар рӯзе ба соил (гадо) медиҳам ва сад баробари хони ӯ дар як ҷошт ба меҳмон мениҳам». Мисраъ:
«Бубин, тафовути роҳ аз куҷост, то ба куҷо?!»
Алкисса, малики Яман рӯзе ҷашни азим сохта буд ва тарҳу даъвате подшоҳона андохт. Тамоми рӯз чун офтоб ба зарбахшӣ машғул буд ва монанди абр ба гавҳарфишонӣ ишғол менамуд, ногоҳ дар аснои ин ҳол. Байт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор