Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Дар зикри Ҳотам касе боз кард,
Дигар раҳ сано гуфтан оғоз кард.
Малик аз он биринҷид ва ирқи ҳасадаш дар ҳаракат омада, бо худ андеша кард, ки ҳеҷ гуна забони аҳли замон аз зикри Ҳотам хомӯш нест ва сифати накӯкориву меҳмондории ӯ бар дили мардумон фаромӯш не. Пас, ҳамон беҳтар, ки ба дастуёрӣ маллоҳи фикр киштии умри ӯро дар ғарқоби фано афканам ва ба мададгории устоди андеша рақами номи ӯро аз лавҳи зиндагонӣ маҳв кунам. Байт:
Ки то ҳаст Ҳотам дар айёми ман,
Ба некӣ нахоҳад шудан номи ман.
Дар пойтахти ӯ айёрпешае буд, ки барои як дирам сад хунро миён барбастӣ ва бо умеди андак фоида шишаи дили бисёр касонро ба санги ҷафо бишкастӣ.
Байт:
Чу чашми нозанинон буд хунрез,
Чу зулфи хубрӯён фитнаангез.
Алкисса, шоҳи Яман ӯро талабида ба мавоиди (ваъдаҳо) хусравона мустазҳир (умедвор) сохта бар он овард, ки худро ба қабилаи бани Тай расонад ва ба ҳар ҳилла, ки донад ва ба ҳар шӯъбада, (найранг) ки тавонад, Ҳотамро несту нобуд гардонад.
Айёр мутааҳҳиди (ӯҳдадории) қатли Ҳотам шуда, мутаваҷҷеҳи қабилаи Тай гашт ва баъд аз муддате бад-он сарзамин расид. Бо ҷавони хушхӯи некӯрӯе, ки симои бузургӣ аз ҷабҳаи ӯ тобон ва фарри фарҳундагӣ дар носияи (чеҳраи) рӯи ӯ дурахшон буд, мулоқот кард. Ҷавон аз рӯи меҳрубонӣ ва ширинзабонӣ ӯро пурсиши гарм намуда пурсид, ки аз куҷо меоӣ ва ба куҷо меравӣ? Айёрпеша ҷавоб дод, ки аз Яман меоям, азимати Шом дорам. Ҷавон илтимос намуд як имшаб ба қадами карам висоқи (хонаи) маро мушарраф соз, то аз ҳузуре, ки бошад ба назари шариф расонем ва бадин талаттуф, ки кулбаи маро ба нури ҳузури худ биёройӣ, миннатдор шавам. Мисраъ:
Зи дар дарою шабистони мо мунаввар кун.
Он айёр бо хушхӯй ва дилҷӯй бастаи он ҷавон шуда, рӯй ба манзили вай ниҳод ва аз он ҷавон расми зиёфат ва шарти меҳмондорӣ ба ваҷҳе тақдим афтод, ки ҳаргиз он айёрро дар хотир хутур накарда буд ва дар замири ӯ нагузашта. Мизбон лаҳза ба лаҳза такаллуфи дигаре менамуд ва матъумоти (таомҳои) гуногун ва машруботи рангоранг тартиб мефармуд. Байт:
Ҳар нафасе бар сари хонаш нигар,
Хӯрдание хубтар аз якдигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор