Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Абдулло гиряён-гиряён аз хонаи вай берун омада ва наздики Муҳаммад Аслам рафт. Муҳаммад ӯро бор надод. Ҳарчанд ки чаҳд кард, суд надошт. Гуфтанд сабр бояд кард, то рӯзи одина, ки вай аз хона берун меояд ва ба намоз меравад, шояд ки мулоқот воқеъ шавад. Абдулло рӯзи одина биёмад ва бар сари кӯчаи вай биистод. Шайх ба намоз берун омад, чун дид, ки саворони эшон истодаанд, ҳамон ҷо таваккуф намуд ва Абдулло аз маркаб фурӯ омад ва пеши Муҳаммади Аслам омада салом кард ва пурсид, ки чӣ касӣ ва чӣ корай? Гуфт: «Абдуллои Тоҳирам ва ба зиёрати ту омадаам». Шайх гуфт: «Туро бо ман чӣ кор ва маро бо ту чӣ гуфтор». Пас, рӯӣ ба девор овард ва дар ӯ нигоҳ накард. Ва Абдулло пеш омад ва рӯй бар хоки қадами ӯ ниҳод ва муноҷот кард:...

Агар чӣ бо бадони рӯзгорем,
Валекин некӯвонро дӯст дорем.
Чӣ бошад гар бадонро дар қиёмат,
Ба некон бахшад аз роҳи каромат.

Овардаанд, ки яке аз мулук ба дидани дарвеше рафт. Он дарвеш дарҳол саҷда ба ҷой овард. Вазири шоҳ пурсид, ки он чӣ саҷда буд? Гуфт: «Саҷдаи шукр». Ва дигар бора пурсид, ки барои чӣ шукр кардӣ? Гуфт: «Худойро сипос кардам барои он ки султонро назди ман овард ва маро пеши султон набурд, ки омадани шоҳон назди дарвешон ибодат аст ва рафтани дарвешон ба даргоҳи шоҳон маъсият». Пас, чун султонро тоате ҳосил шуду маъсияте аз ман содир нагашт, маҳалли шукргузорӣ ва сипосдорӣ бошад.

Агар дам зи дарвешпурсӣ занӣ,
Зи рифъат қадам фавқи курсӣ занӣ.
Касе к-остонат ба дарвеш бурд,
Агар бар Фаридун зад аз пеш бурд.

ДАР АМОНАТУ ДИЁНАТ

Уламои дин ва урафои соҳибяқин чунин гуфтаанд, ки амонат рукни азимест аз хислатҳои ҳамида ва диёнат асле маҳкам аз ахлоқи писандида. Бунёди имон амоният тамоми гардад ва чунон ки фармудаанд:

Шаръ, ки бунёди сиёнат ниҳод,
Қоидаи дин ба диёнат ниҳод.
Дар дилат ар майли диёнат бувад,
Аз шарафи дӯзах амонат бувад.

...Ба амонат хиёнат раво нест. Масалан, дида амонат аст, ки бад-он дар осори қудрат нигаранд. Гӯш амонатест, ки суханони ҳақ истимоъ кунанд. Забон амонатест, ки бад-он зикр гӯянд. Даст амонатест, ки барон нафъ ба халқ расонанд. Чун касе дида ба назари ҳаром бикшояд ва гӯш ба суханони ношоиста ниҳад, забон ба бӯҳтону дурӯғ гӯяд, даст ба озори халқ бикшояд, ҳар оина дар амонат хиёнат карда бошад.

пешина
аз 242
навбатӣ