Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Тавозӯъ зи гарданфарозон накӯст,
Гадо гар тавозӯъ кунад хӯи ӯст.

Ва аз ин ҷо маълум мешавад, ки кибр аз хасоиси ноқисон ва соқитон (афтодагон) аст ва ғарази эшон пӯшидани нуқсони хеш, аммо ба ҳақиқат қабоеҳи худро зоҳир мегардонад чӣ кибр одамиро хору бе миқдор созад. Назм:

То тавонӣ ба гирди кибр магард,
Мутакаббир баре зи кибр нахӯрад.
Гар ту бе кибру бе риё бошӣ,
Хоси даргоҳи кибриё бошӣ.

Тавозӯъ аз ҳама кас зебо менамояд ва аз аҳли давлат зеботар, зеро ки перояи бузургӣ тавозӯъ аст. Овардаанд, ки Ибни Саммок ба маҷлиси Ҳорунаррашид омад. Халифа аз барои ӯ бархост ва таъзим кард Ибни Саммок гуфт: «Эй халифа, тавозӯъи ту дар подшоҳӣ бузургтар аст аз подшоҳии ту». Халифа гуфт: «Сухани некӯ гуфтӣ, зиёдат кун». Гуфт: «Ҳар ки ҳақ ӯро молу ҷамолу бузургӣ диҳад ӯ дар мол бо бандагони худо муросо (ғамхорӣ ва эҳсон кунад ва дар ҷамоли худ порсой варзад ва дар бузургӣ тавозӯъ намояд, ҳақтаоло ӯро аз мухлисони худ гардонад».

Ҳорунаррашид давоту қалам талабид ва ба дасти худ ин суханонро бинавишт ва ин навиштан, низ аломати тавозӯъи ӯ буд. Маснавӣ:

Зиракон озмудаанд басе,
Бар тавозӯъ зиён накард касе,
Аз тавозӯъ баланд гардад ном,
В-аз тавозӯъ расидаанд ба ком.
Мутавозеъ бузургвор бувад,
Мазҳари лутфи кирдугор бувад.

Тавозӯъ ва эҳтиром дар бораи ашрофи айём чун уламо ва машоихи карам эътиборе томм дорад ва мӯҷиби иртифои ливои давлат мутавозеъ бошад. Имом Муҳаммад Ҳусаини Шайбонӣ наздики Рашид омада расид. Ӯро таъзими бисёр кард, чунончи бар пой хост ва ӯро ба ҷои худ биншонд ва чун бархост чанд қадам ба расми мушойиат бо вай бирафт. Яке аз ҷумлаи хоси ӯ гуфт, ки бо чунин тавозӯе, ки халифа намуд, маҳобати (тарсу ҳарос) хилофат намемонад. Рашид ҷавоб дод, ки он маҳобате, ки ба тавозӯъ зоил шавад набудани он авлотар ва қадре, ки ба эҳтироми бузургон бикоҳад коставу маҳвшуда беҳтар:

Қадре, ки ба таъзими касон коста гардад,
Мардӣ ба чунон қадр кай ороста гардад.

Овардаанд, ки Исмоили Сомонӣ — подшоҳи Хуросон ва султони басе ба сомон буд. Рӯзе олиме ба муҳимме назди вай омад. Ӯро таъзими бисёр намуд ва чун мерафт ҳафт қадам аз ақиби вай бирафт...
Яке аз аломати тавозӯъ майл кардан аст ба сӯҳбати уламо ва дарвешони соҳибяқин ва ҷамоате, ки худро ба сурати уламои раббонӣ ва машоихи ҳаққонӣ ба халқ намоянд ва ба тамаъ суханони ҳақро ба зевари хушомад биёроянд, балки ба сӯҳбати мардум бошад ва ба касе эътиқод бояд кард, ки нохоҳад, ки касе ӯро эътиқод кунад.
Овардаанд, ки чун Абдуллоҳи Тоҳир ба ҳукумати Хуросон омада дар Нишопур нузул фармуд, аъёну ашроф ба саломи вай омаданд. Баъд аз як ҳафта пурсид, ки ҳеҷ кас мондааст дар ин шаҳр, ки ба саломи мо наомада бошад ва моро напурсида. Гуфтанд: Ҳар ки дар ин шаҳр исме ва расме дошта шуморо пурсида ва назди шумо расида, илло ду дарвеше, ки ҳар як аз эшон дар гӯша нишастаанд ва дида аз мушоҳидаи инӯ он барбаста...
Абдулло пурсид, ки ин ду тан киёнанд. Гуфтанд: «Аҳмади Ҳарб ва Муҳаммад Аслами Тӯсӣ, ки уламои раббонианд ва ба даргоҳи салотин наоянд». Гуфт: «Агар эшон ба саломи мо наёмаданд мо ба саломи эшон равем». Пас, савор шуд ва наздики Аҳмади Ҳарб рафт. Яке давида расиду гуфт, ки Абдуллои Тоҳир меояд. Аҳмадро маҷоли фирор нашуд ва Абдулло ба хонаи вай дарун рафт. Аҳмад бар пой хост ва муддате сар дар пеш афканда биистод ва Абдулло низ ба пой истода буд. Аҳмад сар бароварда гуфт: «Эй писари Тоҳир, шунида будам, ки марди накӯкорӣ ва хушманзарӣ ва ҳоло, ки ман нигарам аз он хубтарӣ, ки мегуфтанд. Акнун ин рӯи некӯро ба нофармонӣ магардон ва чунин рухсораро ҳезуми оташ масоз. Ин бигуфт ва рӯӣ ба қибла овард ва ба намоз дарпайваст...»

пешина
аз 242
навбатӣ