Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Нест бари мардуми соҳибназар,
Хидмате аз аҳд писандидатар.

Рӯзе Исмоил бо дӯсте ҳамроҳ афтод ва он дӯст ба дари хонаи худ расид. Исмоилро гуфт: «Ман ҳамроҳии туро дӯст медорам. Ваъда кун бо ман, ки дар ин мавзеъ биншинӣ, то ман ба хона дарун равам ва муҳимие дорам бисозам ва филҳол берун оям». Исмоил ваъда кард ва он ҷо биншаст. Он мард ба хона даромад ва ӯро муҳимие куллӣ афтод ва аз ваъдаи худ у Исмоил фаромӯш карда ба чораи кори худ машғул шуд. Хонаи ӯ роҳи дигаре дошт, аз он ҷо берун рафт. Баъд аз се рӯз бад-он мавзеъ расид, Исмоилро дид бар дари хона нишаста. Гуфт: «Эй самари шаҷари дӯстӣ, ин ҷо чӣ нишастаӣ?» Гуфт: «Аз он вақт, ки маро ба ваъда ин ҷо нишондаӣ, нишастаам ва дидаи интизор бар роҳи муовидати ту ниҳода». Гуфт: «Чун ман наёмадам, ту чаро нарафтӣ». Гуфт: «Ваъда карда будам, раво надоштам, ки хилоф кунам ва агар муддатҳо ту намеомадӣ, ман ин ҷо менишастам ва аз сари кӯй намерафтам...»

Аз ӯҳдаи аҳд агар бурун ояд мард,
Аз ҳарчӣ гумон барӣ фузун ояд мард.

Дар ҳикояте омадааст, ки хоҷа ғуломе дошт порсову худотарс. Ногоҳ ин хоҷа бемор шуд. Аҳд кард, ки агар аз ин беморӣ халос шавад, ин ғуломро озод кунад. Шифо ёфт. Хоҷа дил дар ғулом баста буд, ӯро озод накард ва дигар бора бемор шуд. Ғуломро гуфт:
«Бирав табибро биёр, то маро илоҷ кунад». Ғулом берун рафт ва даромад. Хоҷа гуфт: «Табиб ку?» Ғулом гуфт: «Табиб мегӯяд, ки ӯ мухолифати ман мекунад ва бад-он чи мегӯяд вафо намекунад. Ман ӯро илоҷ намекунам». Хоҷа мутанаббеҳ шуду гуфт: «Эй ғулом, табибро бигӯй, ки аз мухолифат бозгаштам ва аз нақзи аҳд тавба кардам. «Гар сар биравад аз сари паймон наравам». Ғулом гуфт: «Эй хоҷа, табиб мегӯяд: Агар ту сифати вафо пеш орӣ, мо низ шаробати шифо арзонӣ дорем». Хоҷа ғуломро озод кард ва дарҳол шифо ёфт.

Агар ба аҳди муҳаббат вафо кунӣ бо ҳақ,
Зи рӯи лутфу каромат вафо кунад бо ту.

Овардаанд, ки подшоҳеро муҳимме саъб пеш омад. Аҳд кард, ки агар муҳим ба дилхоҳи ман анҷомад, ҳар нақдинае, ки дар хазона дорам бар фуқарову мискинон қисмат намоям. Муҳими ӯ ба зудӣ ва хубӣ кифоят кард. Подшоҳ хост, ки ба аҳди худ вафо кунад. Хазонадорро талабиду фармуд, то нақди хазинаро ҳисоб кунад. Баъд аз ҳисоб маблағи кулле баромад. Умарову бузургони давлат гуфтанд: «Эй малик, ин миқдор мол ба дарвешон нашояд дод, ки лашкар бе баргу наво монанд». Подшоҳ гуфт, ки ман аҳд кардаам, ки ин ҳама ба аҳли истеҳқоқ расонам. Бургони давлат гуфтанд, ки уламо низ бар инанд, ки мулозимони мулук низ аз ҷумлаи аҳли истеҳқоқанд. Малик дар ин қазия мутаҳайир шуд бар ғурфа нишаста буд, ки ногоҳ девонае даргузар омад. Фармуд, ки он девонаро талабед, то дар ин боб бо ӯ мушовират кунем. Девонаро овоз доданд. Малик ба девона он чӣ рафта буд, гуфт. Девона гуфт: «Эй малик, дар он вақт, ки ин аҳд кардӣ, ки мол ба дарвешон диҳам сипоҳиёнро дар хотир гузаронидӣ?» «На. Ҳамин гадоёну мӯҳтоҷонро гузаронида будам». Гуфт: «Пас бад-инҳо деҳ, ки дар хотир гузаронидай». Яке аз умаро гуфт: «Эй девона, мол беҳад аст ва сипоҳӣ бе баргу наво?» Девона рӯй аз он кас бартофту гуфт: «Эй малик, ту дигар ба он кас, ки манзур ва аҳд бо ӯ кардай кор дорӣ ё не? Агар дигар бор бо ӯ кор хоҳад буд ба аҳди худ вафо кун. Ва агар бо ӯ кор надорӣ ва мӯҳтоҷи ӯ нахоҳӣ шуд, ҳар чӣ хоҳӣ, бикун». Подшоҳ бигирист ва фармуд, ки ҳама амволро бар фуқаро ва мискинон қисмат карданд:

пешина
аз 242
навбатӣ