Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Чу мӯҳтоҷ хоҳӣ шуд охир бад-ӯ,
Матоб аз вафодории хеш рӯ.
Касоне, ки фармонраво гаштаанд,
Мукаррам зи ҳусни вафо гаштаанд.
Вафодорӣ оини шоҳаншаҳист,
Ғами аҳд хӯрдан зи короғаҳист.

Ҳусни аҳд аз ҳеҷ кас чунон хуб наменамояд, ки аз салотин, зеро ки сухани эшон ба масомеи ҳама кас мерасад ва аҳволи эшон дар ҳама маҷомеъ гуфта мешавад ва маҷмӯи халқ бар аҳду паймони эшон иттилоъ меёбанд ва чун аҳди худро ба поён нарасонанд, дӯсту душманро бар эшон эътимод намонад. Ва дар васияти Ҳушанг мазкур аст, ки эй фарзанд, аз нақзи аҳд ва хилофи ваъда иҷтиноҳ (парҳез) кун, ки шомати он зуд мерасад:

Дасти вафо дар камари аҳд кун,
То нашавӣ аҳдшикан, ҷаҳд кун.

...Овардаанд, ки Афросиёб дар таоруфи (шинохтани аҳволи золим ва тафаҳҳуси (талоши) ҳолоти мазлум муболиғаи бисёр мекард ва ранҷи беҳад мекашид.
Рӯзе ҷамъе аз нудамо (ҳамнишинон) гуфтанд, ки дар ин боб муболиғаи бисёр менамой ва аз хуррамиву тамошо боз мемонӣ. Гуфт: «Ваъдаи худро хилоф наметавонам кард». Гуфтанд, аз ту ҳеҷ ваъда нашнидем.
Гуфт: «Подшоҳӣ дар ҳадди зоти худ ваъдаест ба зимман подшоҳ, лозим аст, ки ба ин ваъда вафо кунад ва вафо он аст, ки доди мазлум аз золим биситонад. Ҳар ки ба ин тариқа наравад, хилофи ваъда карда бошад».
Мисраъ:

Хилофи ваъда наёяд зи аҳли дину диёнат.

Подшоҳе аз ҳакиме пурсид, ки мардро кадом сифат азиз мегардонад. Гуфт: «Ба ваъда вафо кардан ва яке аз фазоили ҳусни аҳд он аст, ки бақои ҷаҳон бад-он бозбаста аст, зеро ки мадори олам бар салтанат аст ва мадори салтанат бар лашкар ва мулуки олам хазоини худро бар ҳашаму лашкар бад-он умед сарф мекунанд, ки ба ҳангоми хуруҷи душман вафо намоянд. Агар расми вафо барафтад бар ҳеҷ кас аз сипоҳиён эътимод намонад ва урғони мулк халалпазир шавад... Агар аҳду вафо набошад, тартибу низоми ҷаҳон маҳву нобуд гардад. Пас аз тариқи вафо рӯй набояд тофт ва ба суҳбати вафодорон бояд шитофт:»

Майли касе кун, ки вафоят кунад,
Ҷон хадафи тири балоят кунад.

Баҳри чунин дӯст, ки ҷонӣ бувад,
Дӯстии ҷон зи гаронӣ бувад.
Ҷон, ки аз ӯ беҳ ба ҷаҳон ёр нест,
Ҳеҷ наярзад чу вафодор нест.
Ёри ту он ёфт ба гетӣ басе,
Лек вафодор наёбӣ касе.
Суҳбати он кун, ки ба сидқи сафост,
Домани ӯ гир, к-аз аҳли вафост.

пешина
аз 242
навбатӣ