Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз каҷӣ афтӣ ба каму костӣ,
Аз ҳама ғам растӣ, агар ростӣ.

Овардаанд, ки мустаршиди (роҳнамои) халифа дар васиятномаи писари худ навишта буд, ки агар хоҳӣ, ки мардум аз ту тарсанд, дурӯғ магӯй, ки мардуми дурӯғгӯй бемаҳобат (бехайбат) буванд, агарчи ҳазор шамшер барои муҳофизати ӯ дар гирди ӯ бошад, яъне агар ҳазор теғи бараҳна дар кавкаби давлати касе мебаранд ва шамшери забонаш ҷавҳари сидқ надорад, дар назари мардум ҳеҷ шукӯҳ наёрад.
Маснавӣ:

Ту дар кори худ ростӣ бар ба кор,
Ки ҳам раста гардию ҳам растагор.
Бувад гарчи мардум басе каҷҳиром,
Ба охир шавад ростонро ғулом.
Агарчанд бошад камон сахтгир,
Ва охир тавозӯъ кунад пеши тир.

Овардаанд, ки Ҳаҷҷоҷи золим ҷамъеро сиёсат мекард. Чун навбат ба яке аз эшон расид, гуфт: «Эй амир, маро макуш, ки бар ту ҳаққе собит кардаам». Гуфт: «Туро бар ман чӣ ҳақ аст?» Гуфт: «Фалон душмани ту туро виқъат (ғайбат) мекард ва ба нисбати ту суханони фаҳш мегуфт. Ман ӯро манъ кардам ва аз дашноми ту боздоштам». Ҳаҷҷоҷ гуфт: «Бар ин маънӣ гувоҳе дорӣ?» Гуфт: «Дорам ва ба асири дигаре ишорат кард, ки ӯ дар он маҷмаъ буд». Он кас гуфт: «Оре, рост мегӯяд ва шунидам, ки ӯ он касро аз осеби ғайбати ту маън мекард». Ҳаҷҷоҷ гуфт: «Ту чаро бо ӯ мушорикат накардӣ ва мувофиқат нанамудӣ дар манъи душман?» Гуфт: «Ман туро душман медоштам. Бар ман лозим набуд, ки тарафи ту риоят кардаме». Ҳаҷҷоҷ фармуд, то ҳардуро озод карданд. Якеро бо сабаби ҳаққи вай, якеро ба ҷиҳати сидқи вай ва ин масал дар миёни мардум пайдо шуд: — Агар дурӯғ касеро мераҳонад, рост раҳонандатар аст. Назм:

Ростӣ он ҷо, ки алам барзанад,
Ёрии ҳақ даст ба ҳам барзанад.
Ростии хеш ниҳон кас накард,
Бар сухани рост зиёи кас накард.
Ростӣ овар, ки шавӣ растагор,
Ростӣ аз ту, зафар аз кирдугор.
Чун ба сухан ростӣ орӣ ба ҷой,
Носири гуфтори ту бошад худой.

Ва чунончи кизб обрӯро мебарад ва мазоҳу ҳазл ва лаҳву лаъб низ маскати (бартарафкунанда) арз аст. Хусусан аз арбоби ихтиёр, ки ба мазоҳ кардан мулозимони эшон далер мешаванд ва ӯро вақъе дар дили эшон намемонад ва мумкин, ки чун бо касе мазоҳ кунанд кина дар дил гирад ва ба мурури замон дар интиқом ояд. Аз он сурат фитнаҳо зояд ва дар «Рӯшноинома» мазкур аст:

пешина
аз 242
навбатӣ