Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Дар таърихи вилояти Хуросон мазкур аст, ки дар он вақт Яъқуби Лайс ба Нишопур расид. Муҳаммад Тоҳир ҳокими Нишопур буд бо ӯ ёғӣ шуд ва ӯ шаҳрро муҳосира кард. Ургони давлати Муҳаммад Тоҳир ҳама пинҳонӣ китобатҳо (мактуб) ба Яъқуб фиристоданд ва дар изҳори халосиву ҳаводорӣ муболиғаҳо намуданд. Магар Иброҳими Ҳоҷиб, ки ӯ ҳеҷ китобате накард ва касе нафиристод ва чун Яъқуб Нишопурро бигрифт ва раоёву ҳашамро дар забти иёлати худ даровард ва Иброҳими Ҳоҷибро талабида гуфт: «Чӣ гуна буд, ки ҳама ёрони ту китобатро фиристоданд ва ту бо эшон мувофиқат накардӣ?» Иброҳими гуфт: «Эй малик, маро бо ту собиқаву маърифате набуд, ки таҷдиди он аҳд кардаме ва аз Муҳаммади Тоҳир низ шикояте надоштам, ки тариқи мухолифати ӯ супурдаме ва аз худ рухсати он наёфтам, ки ҳаққи инъому парвариши ӯро ба шикастани аҳду паймон бартараф ниҳодаме». Фард:
Ман на онам, ки сар аз хатти вафо бардорам,
Гарчӣ созанд ҷудо чун қаламам банд зи банд.
Яъқуб гуфт, ту лоиқи онӣ, ки туро тарбия кунанд ва мустаҳиқи онӣ, ки муҳими туро иҷро кунанд. «Офарин бод бар вафодорон!» Пас аз он ҷумлаи он мардум ба қабули иқбол ихтисос дод ва онҳоро, ки ба нифоқ ҷониби валинеъмати худро фурӯ гузошта буданд ба уқубат гирифтор кард:
Касе, ки ҳақ нашиносад, аз ӯ умед бибур,
Касе, ки нест вафояш, бад-ӯ макун пайванд.
Зи ҳусни аҳд ба олам агар алам гардӣ,
Ливои рифъати ту бигзарад зи чархи баланд.
ДАР СИДҚ
Ростиву росткорӣ сабаби эминӣ ва растагорист. Қитъа:
Ростон растаанд рӯзи шумор,
Ҷаҳд кун, то аз он шумори шавӣ.
Андар ин раста ростгорӣ кун,
То дар он раста растагор шавӣ.
Бузурггон гуфтаанд, арсаи сухан на он фарохтар аст, ки гӯяндаро пойи баён дар санги хилоф ояд, то гули сидқ дар чамани сухан ба вай бархурдорӣ медиҳад. Нафси нотиқаро дастаи хори дурӯғ барбастан нашояд. Қитъа:
Забони покро ҳайф аст бисёр,
Ки аз лафзи дурӯғ олуда созӣ.
Агар по барнадорӣ аз раҳи сидқ,
Сар аз гардуни гардон барфарозӣ.
Яке аз бузурггон фармуда, ки бар тақдире, ки дурӯғ гуфтан хавфи уқбӣ (азоб) ва дар ростӣ умеди савоб набудӣ, боистӣ, ки оқил аз дурӯғ эҳтироз намудӣ ва ба ҷониби ростӣ майл кардӣ, аз он ки дурӯғ мардонро хору бемиқдор гардонад. Байт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор