Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Сабуксарӣ ҳамчу тирест, ки чун аз камон рафт, боз натвон овард ва оҳистагӣ чун шамшерест дар даст, агар хоҳад кор фармояд, вагарна ҳеҷ зарар накунад...
Чунончӣ дар вақти ғазаб. Пас, лозим бувад дар он замон инони ҳукм боз кашидан ва сурати оқибати он муҳимро дар оинаи фикрат дидан.
Овардаанд, ки Ардашери Бобак, ки аз салотини рӯзгор ва подшоҳони комгор буд, бифармуд, то бар се руқъа се хат навиштанд ва ба яке аз ғуломони хосаи худ супурда, гуфт, ки чун дар маҷлиси ҳукм нишони тағйири миҷоз бар носияи ман ҳозир гардад ва асари ҳашму ғазаб дар чашму рӯйи ман падид ояд, пеш аз он ки ҳукм кунам як руқъа бар ман арза кун ва агар бинӣ, ки оташи хашм фурӯ биншаст, мувоқиби (аз паси) он руқъаи дуввумро ба мадад фирист ва агар эҳтиёҷ афтад, руқъаи саввумро ба назари ман дарор. Мазмуни руқъаи аввал ин буд, ки тааммул кун ва инони иродат дар қабзаи нафси аммора манеҳ, ки ту махлуқӣ ва оҷизи ва холиқе қавӣ ҳаст, ки туро ҳаст карда ва фаҳвои руқъаи дуввум ин, ки тааннӣ пеш ор ва ба зердастон... ба шитобкорӣ муомила макун ва бар эшон, ки мағлуби туанд раҳм кун, то он кӣ бар ту ғолиб аст, мукофоти онро бар ту раҳмат кунад ва бар руқъаи саввум навишта буд, ки дар ин ҳукм, ки хоҳӣ кард, аз шурӯъ таҷовуз макун ва аз инсоф дармагузар. Маснавӣ:
Тавсани худ тунд масоз ончунон,
Кас натавон бозкашидан анон.
Ҳукм чунон кун, ки зи рӯи насак,
Рост бувад ҳукми ту бо ҳукми ҳақ,
Дар таърих мастур аст, ки чун Аҳмади Сомонӣ вафот ёфт, писари ӯ — Наср ҳаштсола буд. Аркони давлатии Сомония ӯро ба тахт нишонданд. Ва худ аз рӯи адолат ҳукм меронданд, то он писари ба сарҳади рушд расид. Оғози фармондеҳӣ кард ва мамлакати падарро дар хайр забт овард ва анвои фазоил ва аснофи маноқиб ӯро ҳосил буд, аммо аз рӯи ҳадосати син ва адами таҷриба ва ғурури салтанат зуд дар хашм шудӣ ва бетаоммулӣ кардӣ ва ба гуноҳи андак уқубати бисёр муқаррар сохтӣ. Рӯзе вазири худро гуфт: Дар зоҳири ман ҳеҷ айбе мебинӣ, то ба тадоруки он машғул шавам. Вазир гуфт: Алҳамдулиллоҳ, ки зоти олӣ ороста аст ба анвои маонӣ. Эй шоҳзода, хоне барои хосу ом ниҳода ва саломи гарм ва мурувват дардода ва неъматҳои латиф ва обҳои зариф муҳайё шуда, аммо, бар сари ин хон намак камтар аст ва бенамак ҳеҷ таоме мазза надорад. Наср пурсид, ки намаки ин хон чӣ тавонад буд? Вазир гуфт: «Намаки хони ҳукумат тааннӣ ва бурдборӣ аст. Ва он чи ин хон ба ғорат диҳад хашм ва сабуксарӣ». Амир Наср гуфт: «Донистам ва маро ҳам маълум буд, ки ин айб дорам, аммо чун одат шуда ва табиат бар ин хӯи гирифта чӣ тадбир тавон кард? » Вазир фармуд, ки дар нафси худ бояд, ки ба вақти ҳукм шомил бошӣ ва шитобкорӣ нанамой ва дар хидмати ту бузургони покизаахлоқ бошанд, ки дар вақти истилои ғазаб бар ту шафоат тавонанд кард. То ин кор ба қарор боз ояд. Амир бузургонеро, ки аҳмияти ходимат доштанд, талабида фармуд, ки ҳар касро ман сиёсат фармоям, он ҳукмро се рӯз дар таваққуф доред ва се бор ба ман арза кунед ва ҳар киро ба уқубат ҳукм кунам аз сад чӯб камтар барбандед. Ва боз гуфт: «Шумо гунаҳкороне, ки мустаҳиқи авф бошанд ба ваҷҳи эҳсон шафоат кунед. Чун амри ҳукумат бар ин ҷумла тамҳид пазируфт ба андак замоне дидаи адолат дар атрофи ҷаҳон мунташир гашт».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор