Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ту шоҳӣ, чу шоҳин машав тезпар,
Ба оҳистагӣ кӯш чун шери нар.
Иноқ каш, давон аспи андешаро,
Ки дар раҳ хатарҳост ин бешаро.
Ба коре, ки ғамро диҳӣ бастагӣ,
Шитобандагӣ кун, на оҳистагӣ.
Дар машварат фавоиди бисёр аст. Яке он ки корҳоро ба салоҳ наздик гардонад. Дигар он ки касе ки бе машварат кор кунад, агар неку наояд, забони таъна бар ӯ бикшоянд ва агар аз машварат он корро ҳеҷ фоида ва натиҷае набошад, ӯро маъзур доранд. Дигар он ки зеҳни шахси воҳид ба атрофу ҷониб муҳим иҳота наметавонад кард. Чун ҷамъе бошанд зеҳнро баргуморанд, ҳар якеро чизе ба хотир расад ва раъйе, ки савоб бошад бар ҳама зоҳир гардад. Пас, бар аҳли ихтиёр лозим аст, ки бар муқтазои лосавоб аз тарки машварат дар ҳар коре, ки пеш ояд ва дар ҳар муҳимме, ки рӯй намояд бе машварати уқало шурӯъ накунанд ва машваратро дар ҳалли мушкилот бо ҳокими ақл собиттар ва пурфоидатар хоҳад буд.
Дари машваратро чаро бастай,
Магар мазҳаби ақлро ҷоҳидӣ.
На арбоби ҳикмат чунин гуфтаанд,
Ки раъйу хайрун мин ал-воҳидӣ!1
Чун дар воқеоту ҳодисот аз машварат гурез нест, бояд ки машварат бо аҳли ҳикмат ва асҳоби таҷриба ва мардуми дурандешу пирони оқибатбин воқеъ шавад ва тадбири ин тоифа собит аст. Баҳроми Гӯр писари худро васият кард, ки дар умури мулк мушовират кун бо хирадмандон, ки тадбири босавоб чун сайдест ба дасти як кас наояд ва агар ҷамъе бошанд аз дасти эшон берун наравад ва ҳар ҳодисаи мушкиле, ки пеш ояд, то ба тадбир пеш тавон кард ва ба чизи дигар майл макун, ки он чӣ ба тадбир муяссар шавад ба шамшери тез осонпазир набошад:
Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан,
Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад.
Овардаанд, ки султони Румро ба Азизи Миср мухолифат афтод ва лашкар кашида қасди якдигар карданд. Дар лашкари румиён касе буд, ки ҳар сурат, ки ҳодис шудӣ, Азизи Мисрро аз он огоҳ кардӣ ва чун ахбори он ҳама рост буд, Азиз бар ӯ эътимод кард. Ин суханро ба Қайсар расониданд, мутлақан ба он ихти-
1 Маънии мисраъ чунин аст: Ду фикр аз як фикр беҳтар аст.
Б, «Ҷомаи бо маслиҳат кӯтоҳ намеояд».
лоф кард ва ба рӯи он кас наёвард, то масоф наздик расид. Қайсар ӯро бихонд ва ба муҳимме дар пеши худ машғул сохт ва дар аснои он ҳол сарони лашкару умарои сипоҳи худро талабиду гуфт: «Умарои Азиз ва хоси боргоҳи ӯ ба ман навиштаанд ва савганд хӯрда, ки чун сафи масоф (ҷои муҳориба) рост шавад, Азизро дасту гардан баста пеши ман оранд. Шумо дил фориғ доред ва ба қуввати тамом рӯй ба кор оред». Он мард чун ин сухан бишнид, мутаҳаййир шуд. Чун аз маҷлис бурун омад, дарҳол ин маъниро навишта пеши Азиз фиристод. Азиз чун ин ҳол маълум кард, битарсид ва таваккуф кардан маслиҳат надид ва масоф (ҷанг) накарда, рӯй ба гурез ниҳод. Қайсар дар ақиби ӯ лашкар фиристод ва бунаву амволи эшон ба даст овард ва ба ин як тадбир сипоҳеро мунҳазим сохт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор