Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Чун Асфор вилояти Райро ба ҳавзаи тасхир даровард, Дайламиро бо сипоҳи гарон бад-он ҷо фиристод. Ҳарчанд хостанд, ки он қалъа бигиранд, муяссар нашуд. Охир Дайламӣ якеро восита кард, ки миёни ӯ ва Абӯҷаъфар шарти сулҳ афканад. Ва таъкиди сулҳу маслиҳат дар он диданд, ки Абӯҷаъфар Дайламиро ба қалъа барад ва меҳмондорӣ кунад. Дайламӣ бо сарони сипоҳи лашкари худ мувозаа (аҳд) кард, ки чун ба эшон ба қалъа дарояд, иттифоқ карда Абӯҷаъфарро бикушанд.

Чун Дайламӣ ба дари ҳисор расид, Абӯҷаъфар ҳукм кард, ки Дайламӣ танҳо ба ҳисор дарояд. Ӯ танҳо даромад ва мардуми ӯ берун монданд.

Ва Абӯҷаъфарро дарди устухонҳо буд, маҷоли ҳаракат надошт, бар ғурфа нишаста буд, ки аз дарича-

1 Ҳурм — ба яқин.

Чун он ғурфа саҳро ба назар даромад, Дайламиро он ҷо талабид ва замоне аз ҳар навъ суханон гуфтанд. Дайламӣ дар аснои он ҳолат Абуҷаъфарро гуфт: «Хилват кун, то сир аз асрори мамлакат ба ту бигӯям». Абуҷаъфар фармуд, то ғуломон аз он ғурфа бирафтанд, ҷуз ғуломи хурдсоле, ки ҳавозеҳи (ҳоҷати) эшон муҳайё кард... Чун ғурфа хилват шуд, Дайламӣ дари ғурфаро дарбаст ва ханҷар кашида Абуҷаъфарро ҳалок кард ва он ғуломак аз тарс бехуд шуда буд ва маҷоли дам задан надошт. Пас, ресмони борики абрешимин, ки дар соқи мӯза дошт, берун кард ва дар он даричаҳо маҳкам карда аз ғурфа ба лаби хандак фурӯ омад ва бо шино аз хандак бигузашт ва ба лашкаргоҳи худ омад. Агар Абуҷаъфар ҳазм варзидӣ ва бо ӯ хилват накардӣ хасмро бар худ фурсат надодӣ ва дар вартаи ҳалок наафтодӣ... Қитъа:

Ба ҳазм кӯш, ки ин раҳ раҳи пур аз хатар аст,
Ба эҳтиёт қадам неҳ, ки ҷойи шӯру шар аст.
Ҳамин ки абр биборад чунон тасаввур кун,
Ки сел мерасаду хонаи ту баргузар аст.
Мабош ғофилу аз ҳазм бар карона машав,
Ки ҳазм тири балои замонаро сипар аст.
Касе ки оқибатандешу дурбин бошад,
Муқаррар аст, ки аз худ ҳамеша бохабар аст.
Чу бохабар бувад аз худ, ниҳоли давлати ӯ,
Иладдавом ба боғи мурод борвар аст.

ДАР ШУҶОАТ

Шуҷоат аз уммаҳоти (модарҳои) фазоил аст ва он қувватест мутавасит миёни ҷабону (номардӣ, тарсончакӣ) таҳаввур (далерӣ). Мардум шуҷоъро дӯст медоранд ва табаррук меҷӯянд. Мардуми шуҷоъ, эшон гумони некӯ доранд ва мардуми баддил дар корзор эътимод бар гурехтан доранд ва далерон бар фазл эътиқод мекунанд... Қитъа:

пешина
аз 242
навбатӣ