Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба тадбир коре тавон сохтан,
Ки натвон ба теғу синон сохтан.
Макун такя бар ганҷу теғу сипоҳ,
Зи фарзонагон рою тадбир хоҳ.

Гуфтаанд, ба ҳама кас аз аркон ва акобиру асоғури машварат бояд кард, ки хирадмандонро чизе ба хотир расид, ки бузургонро дар замир нагзошта бошад ва ҳеҷ кас дар машварат зиён накарда.

Ҳикоят. Яке аз уламои Марв духтаре дошт ба ғояти ҷамила ва ҷумлаи маорифи шаҳр дар хостгории ӯ буданд ва он олим мутаҳайир буд, ки ӯро ба кадом диҳад. Дар ҳамсоягии ӯ габре буд олим, ӯро талабиду гуфт: «Маро духтарест ва халқе ӯро хостгорӣ мекунанд. Ман намедонам, ки ӯро ба кадоме диҳам. Ту дар он чӣ савоб мебинӣ?» Габр гуфт: «Ман мардеам аз ислом бегона чӣ лоиқи машварати шумоям, ки ин сухан аз ман мепурсед». Олим гуфт: «Агарчи ту аз ислом бегонай, аммо марди эминӣ ва бузургон гуфтаанд, ки бо мардуми эмин мушовират бояд кард...»

Рӯ мапеч аз машварат, зеро ки арбоби хирад,
Машваратро пешкори аҳли давлат гуфтаанд...

Ва ҳам дар ин боб гуфтаанд:

Кӯрҳо бемушоварат накучӣ,
То дар он суди бекарон бинӣ.

ДАР ҲАЗМУ ДУРАНДЕШӢ

Ҳазм андеша кардан аст дар оқибати амр ва эҳтироз намудан ба қадри имкон аз халалу заллал (хато). Ин хислат арбоби ҳукму фармонро хубтарин хислат аст. Аз калимоти Афросиёб аст, ки ҳар ки заррае ҳазм дарпӯшад аз тири қайди душман эмин бошад ва ҳазм дақиқатан дурандешӣ ва пешбинист. Марди оқил чун аломати шарру фасод тафаҳҳум кунад дарҳол ба тадоруки он машғул гардад ва ҷоҳил то вартаи балое наяфтад, мутанаббеҳ нагардад ва масалан, чун хирадманд бинад, ки касе сангу оҳан бар ҳам мезанад, тасаввур кунад, ки оташе зоҳир хоҳад шуд, дар андешаи тадоруки он афтад. Нодон то дар миёни оташ намонад, аз сӯзиши он хабар наёбад. Мисраъ:

Пеш аз вуқӯъ воқеа дар фикри хеш бош!

Бузургеро пурсиданд, ки ҳазм чист? Фармуд: «Асли ҳазм бадгумонист...» Дар «Таърихи Сомонӣ» мазкур аст, ки Асфор ибни Шерӯя бар қасди Рай ба Симнон нузул кард. Ӯро бар он доштанд, ки Абӯҷаъфари Симнониро ҳалок кунад. Абӯҷаъфар хабар ёфт, битарсид. Қалъаи маҳкам дошт, бад-он қалъа пинҳон шуд.

пешина
аз 242
навбатӣ