Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

То ту дил дар банди ҷон дориву ҷон дар банди тан, Кай муроди хеш ёбӣ дар канори хештан.

Овардаанд, ки вақте лашкари ҳабаш бар вилояти Яман муставлӣ шуданд ва Сайф Зулязан ба зарурат ҷудо гашта паноҳ бо Нӯшервон бурда аз ӯ мадад талабид. Нӯшервон бифармуд, то ҷамъеро аз дуздон ва айёрон ва аҳли фитна, ки дар зиндон буданд, силоҳ дода ҳамроҳи ӯ сохтанд ва эшон ҳазору ҳаштсад тан буданд.
Пас Сайф Зулязан бо он мардон дар киштӣ нишаст, чун ба соҳил расид аз киштӣ берун омаданд. Сайф фармуд то тамоми киштиён бишкастанд ва маҷмӯи таомҳоро бирехтанд ва гуфт: Эй ёрон, дар мамлакати Яман даромадем ва бо душманон ҳарб мебояд кард. Ҳоло шумо дар миёни ду кор афтодаед, нек тааммул кунед, ки дар ин авқот ғолиб бояд шуд ё кушта мебояд гашт.
Ба зарурат он гурӯҳ дил аз ҷон баргирифта мардона ба кор даромаданд ва он мардуми андак бар бисёри аз лашкари ҳабаш ғалаба карданд. Пас, марди корзор бояд ки тарсро ба худ роҳ надиҳад. Рустами Достон гуфтааст, ки ҳазор захм бар ман ояд вай дӯсттар дорам, аз он ки бар бистари беморӣ ҳамчу пиразанон бимирам:

Ба номи накӯ кушта гардам равост,
Маро ном бояд, ки тан маргрост.

Ҳар ки аз салотин ҷуръату шуҷоат бештар буда ва дар таҳаммул пойдории зиёд намуда, зудтар ба манзили мақсуд расида ва чеҳраи мурод дар оинаи азимати хеш ба мӯҷиби дилҳоҳ дида. Овардаанд, ки чун кори Яъқуби Лайс боло гирифт, даъво кард, ки Хуросон ба ҳавзаи тасарруф ва тасхири вай дарояд. Рӯзе азамати ҳарбе карда буд ва умарои лашкар бар дари боргоҳ ҷамъ шуда, Яъқуб силоҳ ба тамоми пӯшида ба бом баромад. Онон гуфтанд: Ҳоло толеъ вақти нуҳусат (наҳс)

дорад. Савор шудан дар таваққуф доред, ки ҳашт соати дигар, пас нек мешавад ва толеъу бахт ба ҳасби дилхоҳ мегардад. Яъқуб ҳамчунон силоҳ пӯшида дар фасли тобистон дар болои бом ва дар офтоб то ҳашт соат биистод. Чунончи аркони давлат аз сабри ӯ дар аҷаб монданд. Чун вақт расид ва толеъу саъд гашт, аз бом фуруд омад ва савор шуд. Ҷамъе пурсиданд, ки сабаби истодани амир дар офтоб чӣ буд? Гуфт: Ман кори бузург дар пеш дорам ва дар ин муҳим, ки рӯй ба он овардаам нозукӣ ва коҳилӣ дар ҳусули мақсуд халали азим меорад, ман нафси худро имтиҳон мекардам, ки дар тоби офтоб бо силоҳи гарон тоқат дорад ё не, на дидам, ки тоқат дорад. Бидонед, ки ҳусули мақсуд дар вай хоҳад намуд. Яъқуб дар талаби давлат, то ин ғоят ҷаҳд намуд расид ба дараҷае, ки расид.
Қитъа:
Шоҳиди мулк аст дар ақди касе, к-аз рӯи ҷидд,
Даст дар оғӯш бо шамшеру ханҷар мекунад.
Он ки поро бар сари нозу тағаннум мениҳад,
Кирдугораш дар ҷаҳон сардору сарвар мекунад.
Подшоҳӣ дар чаман доданд гулро з-он ки гул,
Бо вуҷуди нозукӣ аз хор сар бармеканад.

пешина
аз 242
навбатӣ