Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҳам аз Яъқуби Лайс ҳикоят кунанд, ки вақте ҷамъе аз ҷавонони Сиистон нишаста буданд ва аз зараифу латоиф чизҳо бозмегуфтанд. Яъқуб низ он ҷо буд. Ва ҳанӯз ба талаби мулк напардохта ва риояи мардумиву мардонагӣ барнаяфрохта. Яке гуфт: «Латифтарин либосҳо атласи хитоӣ аст». Дигаре фармуд, зарифтарин тоҷҳо тоқияи румӣ, дигаре илова намуд, ки аз манозилҳо бӯстонҳои пургулу раёҳин беҳтар аст, дигаре гуфт, аз машрубот хамри софӣ мувофиқтар аст ва дигаре чунин намуд, ки аз сояҳо сояи бед созгортар аст, дигаре арз кард, ки аз нағамоти созҳо овози уд мулоимтар аст... Чун навбат ба Яъқуб расид, гуфтанд ту ҳам сухане бигӯ. Гуфт: «Хубтарин либосҳо рағза аст ва беҳтарин тоҷҳо хирад ва хуштарин манзилҳо маъракаи ҳарб ва зеботарин шаробҳо хуни душманон рехтан ва латифтарин сояҳо сояи найза ва зарифтарин овозҳо шиҳҳои аспон ва гиромитарин инсонҳо мардони корзори ҷанг мебошанд...»
Қитъа:
Гулу райҳони мо теғ асту ханҷар, Ба кори мо наояд наргису дос.

Шароби мост хуни душмани мо,
Асоси каллаи ӯ беҳтарин кос.

Овардаанд, ки яке аз салотини араб рӯзе бо душмане иттифоқи муҳорибат афтод ва чун ҳарду лашкар саф кашиданд, умарои давлат малики арабро гуфтанд:
«Эй малик, муҳими ҳарб аз ду берун нест, ё нусрат аст ё ҳазимат. Агар ба ҳукми қазову қадар шакке бар лашкари мо афтад, туро куҷо ҷӯем?» Гуфт, ки бигрезам ҳаркӣ маро ҷӯяд аз риояти парвардигор маҳрум бод, лекин агар ғалаба хасмро бошад, маро дар майдони зери сӯми асбон талабед, яъне ғолиб мешавам ё кушта мегардам:

Ё биронам ба чархи гарданда,
Ё шавам зери по сарафканда.

Овардаанд, ки дар он ҳарб шамшер мезад ва бар лашкари хасм ҳамла мебурд, то вақте ки офтоб бар нисфи рӯз расид ва ҳарорат бар дили муборизон ғалаба кард ва дилҳо аз ташнагӣ хушк шуд ва ғубори корзор бар рухсораҳо нишаст. Яке аз хосғуломони араб бо зарфе об бар ақиби малик метохт, то ба наздики вай расида гуфт: «Ё малик, ташна шуда бошӣ замоне таваккуф фармой, то қадре об биёшомӣ». Малик гуфт:
«Теғи обдори ман аз ман ташнатар аст. Ба худо, ки то ӯ аз хуни душман пуроб нашавад, ман ташнагии худро таскин надиҳам» ва ба воситаи ин азимати дуруст ва ҷуръати том ва шуҷоати комил ӯ ба душман зафар ёфт:

пешина
аз 242
навбатӣ