Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Касеро, ки эзид кунад ёварӣ,
Кӣ ёрад, ки бо вай кунад доварӣ.
Аз Искандари Зулқарнайн пурсиданд, ки нишони подшоҳи далер чист? Гуфт: «Он ки напурсад, ки душман чанд аст, балки тафаҳҳус кунад, ки куҷост» ва ҳар оини чунин Сардоре:
Чу шамшери ҳиндӣ бигирад ба даст,
Ба саффи аъдо1 дарорад шикаст.
Ба гурзи гаронсангу шамшери тез,
Равон дар ҷаҳон афканад растухез.
1 Аоди — душманон.
Нушервон аз Бузургмеҳр пурсид, ки шуҷоат чист?
Гуфт: «Қуввати дил». Гуфт: «Чаро қуввати даст намегӯй?» Гуфт: «Агар дил қавӣ нест, қувват дар даст намемонад ва ман шунидам, ки яке аз муборизони араб пир шуда буд ва бо вуҷуди заъфи пирӣ қуввати дил дошт. Рӯзе мехост, ки савор шавад, ду кас бозуи вай гирифтанд, то савор шуд. Беадабе оғози таъна задан кард, ки аз ин кас чӣ кор ояд, ки ду кас бояд, ки ӯро савор кунанд. Шуҷоати ӯ чӣ хоҳад буд? Пир сухани ӯ бишунид, гуфт: «Оре, ду кас бояд, ки ӯро савор кунанд, аммо ҳазор кас бояд, ки ӯро фурӯд оранд». Нушервон сухани ҳакимро мусаллам дошт ва фармуд, ки рост гуфт, қуввати даст тобеи қуввати дил аст».
Фард:
Одамиро қуввати даст аз дил аст,
Ҳар ки ӯро дил қавӣ, бозу қавӣст.
Дар вақте ки Искандар ба азимати тасхири олам савор мешуд, Арастуро талабиду гуфт, ки эй ҳаким, дар ин майдон, ки қадам ниҳодаам ва ин муҳиммеро, ки пеш гирифтаам ҳар оина маро дӯстону душманон падид оянд, бо ҳар як аз эшон чӣ гуна маош кунам? Гуфт: «Эй малик, асл он аст, ки то мумкину мақдур бошад, душманангезӣ накунӣ ва бар дӯстон хорӣ раво надорӣ ва агар душмане пайдо шавад, ӯро бо истимола (навозиш) ихтисос диҳӣ, то дӯст шавад. Ва дӯстро ба иззату ҳурмат хос гардонӣ, то аз дӯстӣ барнагардад». Искандар фармуд, ки зиёдат кун. Ҳаким фармуд: «Аз кори душман ғофил нашавӣ, агарчӣ андак бошад. Ва бар лашкар эътимод накунӣ, агарчӣ бисёр бошад. То муҳим ба сухани нарму оҳиста сохта тавонад шуд, каломи дурушт бар забон наронӣ ва кор ба тозиёна барояд, шамшер аз ниём барнаёрӣ». Искандар фармуд, ки шояд кори ман бо хасм ба муҳорибат анҷомад Дар он чӣ кифояти мудохил тавон кард. Ва ба кадом навъ иқдом тавон намуд? Ҳаким гуфт: «Ҳоли ҳарб аз ду берун нест, ё ту ба ҳарби касе меравӣ, ё касе ба ҳарби ту меояд. Агар ту ба ҳарби касе қасд кардаӣ, даҳ шарт бояд риоят кард: аввал, бояд ки ғарази он ҷанг ҷуз хайри маҳз набошад ва дафъи зулму фасод бувад. Дуюм, таваҷҷӯҳ бояд намуд дар хайру садоқат кӯшидан ва ба аҳли қулубу кубур ҳиммат фармудан. Сеюм, ҷосусон фиристодан ва тарзи зиндагии мардуми тарафи душманонро фаҳмидан. Чорум, бо лашкар таваҷҷӯҳ бояд кард, ки ҳама якдилу якҷон бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор