Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Касе, кӯ шуд ба номи нек машҳур,
Пас аз маргаш бузургон зинда донанд.
Вале онро, ки бадфеъл асту бадҷом,
Агарчи зинда бошад, мурда хонанд.
Ва аз ҳамин мақула аст ин байт:
Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.
Яке аз бузургон дар рисолаи худ оварда, ки айвони Нӯшервон ва тоқи Кисро агарчӣ рафъате дорад ва дар атрофи олам баландовоза аст, аммо истеъҷоб (ҳайронӣ) на дар баландии кунгура аст ва на дар ҳусни ғурфаву панҷара, чӣ хиште чанд бар ҳам ниҳодан ва даре чанд дар ҳам кушодан чандон коре нест. Назоратгоҳи ақл он аст, ки дар зовияи (ҳуҷраи) танги он пиразан тааммул кунанд, ки дар гӯшаи айвони шоҳӣ воқеъ шуда буд. Ва хабари он чунон аст, ки вақте ки айвони Кисро тамом шуд ва имороти кох ва манзараш самти итмом ёфт, Нӯшервон ҷамъе аз ҳукамо ва нудаморо гуфт, назар кунед, ки дар ин иморат ҳеҷ айбе ва халале ҳаст, то ба тадоруки он амр кунам. Эшон баъд аз назар дар атрофу ҷавониби он ба арз расониданд, ки эй малик, ин иморатест, ки дар иртифоаш (баландӣ) камарбанди ҷуззомӣ (номи бурҷ) кушояд ва шарфаи рафиаш (кунгура) пойи шариф бар сари айвон мениҳад. Қитъа:
Чунин бинои ҳумоюн фалак надид ба чашм,
Чунин иморати олӣ ҷаҳон надорад ёд.
Нахуст боргаҳи иқбол боз кард дараш,
Даре зи хулд ба рӯи ҷаҳониён бикшод.
Ҳеҷ халале дар аркони ин айвон ва ҳеҷ залоле дар атрофи он нест, илло (ғайри) он ки дар гӯшаи айвон хонаест мухтасар ва кулбаи бас муҳаққар (ҳақирона).
Дуде аз равзани он вайрона бармеояд ва девори онро сиёҳу тира месозад. Агар ин сурат бартараф шавад, бағоят муносиб аст ва чунин чашмзахме аз ин айвон дафъ кардан лозим ва воҷиб. Нӯшервон гуфт, ки ин хона мулки пиразанест, умр гузаронида ва офтоби зиндагониаш ба сарҳади ғуруб расида. Ман дар вақте, ки асоси ин айвон мениҳодам ва меъморон тарҳи он мекашиданд, ин хона монеъ буд аз он ки сатҳи пеши айвон ҳамвор бошад. Касе пеши пиразан фиристодам, ки ин кулбаро ба ҳар баҳое, ки хоҳӣ бифурӯш, то зар бидиҳам ё манзили хуштар аз ин барои ту муҳайё созам. Пиразан пайғом фиристод, ки эй малик, ман дар ин хона мутаваллид шудаам ва бад-ин кулба мустаънис (унс гирифта) гаштаам, ҳама олами мулки ту метавонам дид. Ту ин ошёнаи муҳаққару вайронаи мухтасар бар ин гадои бенаво наметавонӣ дид. Ман аз ин сухан мутаассир шуда дигар ҳеҷ нагуфтам, то вақте ки айвон тамом шуд. Ҳар замон дуде аз равзани ӯ берун меомад ва деворҳоро тираву димоғҳоро хира месохт.
Пайғом додам, ки ин дуд чаро мекунӣ? Гуфт: «Барои худ чизе мепазам». Ҳеҷ нагуфтам. Хоне ороста бо мурғе бирёни барои ӯ фиристодам ва гуфтам, ки эй модар, ҳар шаб хоне ба анвои атъима (таомҳо) барои ту бифиристам. Ту дар ин кулбаи танг оташ мафурӯз, ки аз дуди он айвони мо сиёҳ шавад. Ҷавоб фиристод, ки дар олам чандин гурусна ва фоқазада бо чашми гирёну дили бирён бошанд ва ман мурғи бирён хӯрам, кай раво бувад? Аз офаридгори худ метарсам, ки баъд аз ҳафтод сол, ки ҷавина ва кашкинаи ҳалол хӯрда бошам, мурғу лавзинай (ҳалвои аз мағзи бодом тайёр кардашуда) ҳаром хӯрам. Ин кулбаи маро барқарор бигзор, ки зинати айвони адолати туст. Умаро чун бинанд, ки ту аз камоли адолат раво намедорӣ, ки кулбаи торики ман аз ман биситонӣ, дасти тасарруф ба амлоки руаё дароз накунанд. Ва дигар он ки айвони ту дер сол нахоҳад монд ва қиссаи хонаи ман муддатҳо бар сафаҳоти авроқи рӯзгор марқум (зикр) ва мастур хоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор