Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман ин суханро аз ӯ писандидам ва ба ҳамсоягӣ розӣ шудам.

Овардаанд, ки пиразан говаке лоғар дошт. Ҳар сабоҳ аз хона берун кардӣ ва ба саҳро бурдӣ ва шабонгоҳ аз саҳро боз овардӣ. Ва дар ин ду вақт он гов бар рӯи фаршҳои мулавван, ки дар пеши айвон таркибу тартиб ёфта буд, мегузошт. Рӯзе яке аз нудамо гуфт: Эй пиразан, ин ҳаракат макун, ки номуси мулкро мешиканӣ ва асоси ҳайбати салтанатро хароб мекунӣ. Аҷуза ҷавоб дод, ки номуси мулк аз зулм мешиканад на ба адл. Бинои футуввати подшоҳӣ ба ҷаҳд хароб мешавад на ба ақл. Он чӣ мекунам, барои некномии подшоҳ мекунам ва хубфарҷомии ӯ металабам.

Ва алҳақ рост гуфта, зеро ки аз ин сурат ҳазор сол гузашта ва ҳикояти кулбаи пиразан ва айвони Нӯшервон ҳанӯз дар дафтарҳо маспут (навишта) аст ва бар забонҳо ҷорӣ. Фард:

Ҷазои ҳусни амал бод, ки рӯзгор ҳанӯз,
Хароб менакунад коргоҳи Кисроро.

Дар калимоти Манучеҳр омада, ки дунё эътимодро нашояд. Оқил он аст, бар иқболи орӣ дил наниҳад ва бидонад, ки ҳар киро худо подшоҳӣ дод, ҳаққи он неъмат бар ӯ фарз гашт ва ҳаққи он чунон аст, ки миёни масолеҳи маошу маод (бозгашт) ҷамъ кунад, то дар дунё некном бошад ва дар уқбо хуҷастафарҷом.

Байт:

Бо футувват ҳамнишин шав, бо мурувват ёр бош,
В-он гаҳе аз тоҷу тахти хеш бархурдор бош.

Овардаанд, ки Кайқубод мамлакати худро ба қуввати рои соқиб (таъсирбахш) забт кард ва нафсҳои некӯ ниҳод ва аз муосири ӯ яке он буд, ки шоирон ва маддоҳонро дӯст доштӣ ва гуфтӣ: Ном ба ду чиз боқӣ мемонад. Яке ба мадҳ ва дигаре ба иморат. Қитъа:

Гар набудӣ назми Фирдавсӣ чӣ донистӣ касе,
Базми Кайковусу разми Рустаму Исфандиёр.
Гашт аз назми Низомӣ номи Баҳроми баланд,
Шуд зи шеъри Анварӣ авсофи Санҷар ошкор.

Овардаанд, ки Султон Маҳмуд боғе сохт чун равзаи ризвон дилкушо ва монанди фирдавс барин ҳайбатафво чун бӯстони биҳишт тозаву хуррам ва аз ғояти таравоту нузҳат рашки гулшани Ирам. Назм:

Басе гул шукуфта бар атрофи боғ,
Барафрӯхта ҳар яке чун чароғ.
Раёҳин дамида бар атрофи ҷӯй,
Сабо атрбезу ҳаво мушкбӯй.
Дарахташ зи тубо диловезтар,
Гиёҳаш зи савсан забонтезтар.

пешина
аз 242
навбатӣ