Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ гуна сар зи хиҷолат бароварам аз пеш,
Ки хизмате ба сазо барнаёмад аз дастам.

Таваққуи он дорам, ки аз таксире, ки воқеъ шуд, маъзур дорӣ ва чун шеваи карами ту муқтазии қабули узрхоҳон аст, ин хато аз ман даргузарӣ. Байт:

Агар дар хизматам таксир дорам,
Ба фазли шомилат умедворам.

Талҳа ҷавоб навишт. Он чӣ ба ман таваққуъ кардаӣ аз қабули узр андеша макун, ки муруввати ман иқтизои

(муносиб) он мекунад, ки ҳазор чандин гуноҳро ба як узрхоҳӣ даргузарам. Байт:

Чун партави узр аз уфуқ рӯй намуд,
Нопадид шуд чу соя ҳар ҷурм, ки буд.

Аммо он сухане, ки туро нашнохтам гуфтӣ, номустақим (ноҳамвор) аст аз шеваи карам, ки дар меҳмонӣ ва русуми икром ба ашрофу аъзом (бузургон) доштан қазияи мурувват ва шаммаи аҳли футувват нест. Шарти мизбонӣ он аст, ки чун офтоб бар ҳама кас яксон тобад ва монанди борон бар ҳама ҷо як тариқа борад. Агар меҳмон марди бузург аст, ҳаққи бузургии ӯ ба ҷой оварда бошад. Ва агар фурӯмоя бувад, эҳсону икроми худ зоҳир карда, чӣ тақсир дар хидмати бузургон мӯҷиби надомат ва воситаи хиҷолат аст. Ва тафсил дар бораи номустаҳиқ сабаби бадномӣ ва пушаймонист ва дар ҳамин маъно гуфтаанд. Қитъа:

Меҳмонро азиз бояд дошт,
Аз раҳи мардиву ҷавонмардӣ.
Гар бузург асту лекин хидмат,
Худ ҳаққи ӯ ба ҷой овардӣ.
Вар бувад сифла кас нахоҳад гуфт,
Ки чаро бо вай ин карам кардӣ.

Ҷамъе бузургон буданд, ки дар бораи хасми худ риояти меҳмондорӣ намудаанд. Чунончӣ, дар таърих мастур (зикр) аст, ки дар Кирмон малике буд бағоят сахиву меҳмондор, пайваста дари меҳмонхонаи ӯ кушода буд ва хони эҳсони ӯ барои хосу ом ниҳода. Ҳар ки бар шаҳри ӯ омадӣ бар супраи карами ӯ нон хӯрдӣ, вазифаи чошт ва робитаи шом аз зиёфатхонаи вай бурдӣ. Вақте Азизуддавла лашкар кашида қасди вилояти ӯ кард, малик тоқати ҳарби вай надошт. Ба ҳисор даромад. Ҳар рӯз лашкари Азизуддавла бар сари ҳисор омадӣ ва ҷанги сахт кардандӣ. Ҳар шаб малики Кирмон он миқдор таом, ки лашкари Азизуддавларо кифоят будӣ фиристодӣ. Азизуддавла пайғом дод, ки рӯз ҳарб кардан ва шаб нон додан чӣ маъни дорад? Ҷавоб фиристод: Ҷанг кардан изҳори мардист ва нон додан вазифаи мардумӣ, эшон агарчӣ душманонанд, аммо ғарибу мусофир, ки ба шаҳри мананд ва мурувват набошад, ки эшон дар манзили ман нони худ хӯранд.

пешина
аз 242
навбатӣ