Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва падари худ — Сабуктеғинро зиёфате кард, ки хонсолори фалак базме ба он зебоӣ надида буд, гӯши замон самоте ба он ороиш нашнида. Таомҳои лазиз, ки аз мавоиди хулди барин нишон медод, ҳозир кард ва шарбатҳои хушгувор, ки аз ҳаловати завқи шароб таҳаввур (далерии барзиёд) ҳикоят мекард, ба назар овард. Маснавӣ:

Абохони1 нӯшини анбарсиришт,
Хабар дод аз хурдаҳои биҳишт.
Зи мурғони фарбеҳ, ту гӯӣ бисот,
Бар оварад пар мурғвор аз нишот.
Зи лавзинаҳову зи ҳалвои тар,
Ба танг омада тунгиҳои шакар.

Пас аз фароғати таом писар аз падар пурсид, ки ин навъ дар назари анвар чӣ навъ менамояд. Падар гуфт: «Ҷони падар, ин навъ равза ҷои дилкушост, аммо аз мулозимони мо ҳар кас хоҳад мисли ин боғ тавонад сохт. Подшоҳонро бояд, ки боғ чунон созанд, ки дигареро мисли он сохтан муяссар нашавад ва меваҳои он дар ҳеҷ бӯстон ба даст наояд».

Султон фармуд, ки он кадом боғ тавонад буд. Ҷавоб дод, ки он ниҳоли тарбият ва эҳсон дар бӯстони фузалову ҳукамо ва шуаро нишондан, то самарае ҳосил кунӣ, ки сардии зимистону гармии тобистон дар он тасарруф натавон кард. Низомии Арӯзӣ гуфтааст: Назм:

Иморатҳои олӣ сохт Маҳмуд,
Ки ҳар як ҳамсари чархи барин буд.
Набинӣ з-он ҳаме як хишт барпой,
Саноии Унсурӣ мондаст бар ҷой.

Ҳамчунин. Қитъа:

1 Абобил — номи парранда, ки дар форсӣ парасту гӯянд.

Нӯширавон иморати боғе хаёл дошт,
Бузургмеҳр гуфт: «К-эй шоҳи комрон,
Обу замини мамлакат акнун ба дасти туст,
Боғе бисоз бар тарафи ҷӯйбори он.
Бехе нишон, ки давлати боқит бар диҳад,
Кин боғи умр гоҳ баҳор асту гоҳ хазон».

ДАР РИОЯТИ ҲУҚУҚ

Адои ҳуқуқ ба ҳама лозим аст. Чунонки омадааст, яъне ҳар ки падару модар аз ӯ хушнуд бошад, ҳама аз ӯ хушнуд бошанд...

Маснавӣ:
Чу Хурмуз зи Парвиз хушнуд буд,
Басе давлату ҳашматаш рӯ намуд.
Чу Шерӯя таъзими Хусрав накард,
Аз ӯ боди накбат баровард гард.

...Машҳур аст, ки Талҳаро воқеае афтод, ки танҳо ба қабилаи бани Қайс нузул кард. Сайиди қабила Молик ибни Авф буд, ӯро нашинохт ва бар бузургиву шарафи ӯ иттилоъ наёфт. Дар меҳмондорӣ ва икроми ӯ таксир шуд. Талҳа он ҷоми заҳри мазаллатро таҷарруъ (қатра-қатра нӯшидан) кард ва он бори гаронро ба қуввати карам таҳаммул намуд. Чун аз он қабила риҳлат кард, Моликро маълум шуд, ки меҳмон чӣ кас буда, шарманда шуду ба вай нома навишта аз ақиб фиристод. Мазмунаш он ки шуморо нашинохтам ва асбоби хизматгорӣ бар ваҷҳе, ки лозим бошад, муҳайё насохтам. Ин замон дил аз ин муомила реш сохт ва сар аз ин хиҷолат дар пеш. Фард:

пешина
аз 242
навбатӣ