Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Кори золим мулк вайрон кардан аст,
Оламеро дидагирён кардан аст.
Эй ниҳода тири зулм андар камон,
Кай зи шамшери бало ёбӣ амон.
Аммо қисми дуюм, ки воҷибалманъанд тоифае бошанд ба сифатҳои носутуда ва нописандида. Ҳар оина мулоқот ва мақолоти эшон аҳли давлатро зиён дорад.
Яке аз онҳо суханчинонанд, ки ба ахбори дурӯғу рост миёни ҷамъе гарди фитна барангезанд ва дӯстонро бо якдигар душман созанд...
Бузургон гуфтаанд: чун касе назди ту хабар орад, ки туро фалон чунин гуфт ё ба ҷои ту чунин кард, бар ту шаш чиз воҷиб бошад: Аввал, он ки ӯро ростгӯй надонӣ. Дуюм, он ки ӯро манъ кунӣ. Сеюм, он ки ӯро душман дорӣ. Чаҳорум, ба бародарон гумон набарӣ. Панҷум, таҷассуси он хабар накунӣ. Шашум, ҳарчи суханчин гӯяд, чунон накунӣ ва асл он аст, ки суханчинро назди худ роҳ надиҳӣ ва мутлақ сухани ӯро гӯш накунӣ:
Суханчинро мадеҳ дар назди худ ҷой,
Ки дар як дам кунад сад фитна барпой.
Суханчинро макун наздики худ ром,
Ки бад гӯяд туро ҳам дар саранҷом.
Овардаанд, ки яке аз хоҷагони Исфаҳон ғуломеро мехарид, фурӯшанда гуфт: «Ғуломи ман айбе дорад, ки суханчин аст». Хоҷа гуфт: «Суханчинии ғулом чӣ хоҳад буд?» Ӯро бихарид. Чун рӯзе чанд баромад, чӣ ғулом кадбонуро гуфт: «Хоҷа туро дӯст намедорад ва зани дигар хоҳад хост». Кадбону аз ин сухан мутағайиру мутаассир шуд.
Ғулом дид, ки сухани ӯ кор кард ва тадбири фосиди ӯ ба фасона расид. Гуфт: «Мехоҳӣ, ки туро дӯст дорад?» Гуфт: «Оре, мехоҳам». Ғулом гуфт: «Ман тилисме медонам ва афсуне ҷиҳати муҳаббат ёд дорам, чун хоҷа бихуспад устураи (қайчии) тез бардор ва аз мӯҳое, ки зери маҳосини ӯст қадре ба даст ор ва ба ман деҳ, то афсун кунам ва муҳаббати туро дар дили вай мустаҳкам кунам». Зан гуфт, албатта, имрӯз чунин хоҳам кард. Пас, ғулом наздики хоҷа омаду гуфт: «Эй хоҷа, ҳаққи нону намак дар миён аст ва ман чизе шунидаам, туро огоҳ месозам, то аз худ ғофил нашавӣ». Гуфт: «Он чӣ хабар аст?» Ғулом гуфт: «Зани ту дӯсте дорад ва қасди ҳалоки ту кардааст. Агар хоҳӣ, ки ростии сухани ман бидонӣ, чун ба хона равӣ худро ба хоб соз, нигар, ки чӣ мебинӣ». Мард ба хона рафт ва таоми чошт тановул намуда такя бигирифт ва худро ба хоб сохт. Зан пиндошт, ки хоҷа хоб аст, устура ба даст гирифта маҳосини хоҷа боло гирифт, то мӯе чанд битарошад. Хоҷа дида боз кард ва он ҳол мушоҳида намуд. Пиндошт, ки зан қасди куштани ӯ дорад ва барҷасту дасти зан маҳкам бигирифт ва устура аз дасти вай бистуду сарашро бурид. Хешовандони зан хабардор шуда, хоҷаро бигирифтанду ба қасос вайро бикуштанд. Ба шумии он суханчин хонумони он азиз хароб шуд. Назм:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор