Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Аз ин номдорони боҳушу нанг,
Касеро ки бинам сазовори ҷанг.
Диҳам маркабу ҷавшану миғфараш,
Ба гардуни гардон расонам сараш.
Акобири Ҳалаб гуфтанд: сардору пешкори эшон пирест бо чаҳор писар ва ҳоло дар паи каспу коре рафта ва аз сиёсати шумо гӯша гирифтаанд. Муслиҳ бифармуд, то эшонро талабиданд ва таъзими бисёр ва лутфи бешумор намуда ҷомаи худро ба ин пир дод ва писаронашро низ ҳилъат дода ба инояту отифат тасаллӣ дод. Баъд аз чанд рӯз, ки хотири эшон мутмаин ва дили эшон аз ҷониби ҳоким эмин шуд, Муслиҳ бифармуд, ки ба ҷамъи мардони хунхори айёрпеша эҳтиёҷ аст, то эшонро тарбият кунам. Шумо ин ҷамоатро мешиносед ҳар киро донед, ки аз дасти вай коре ояд ва маъракаи ҳарбро мешояд биёред, то хилъат диҳам ва эшонро ба дилхоҳи эшон тақвият кунам. Падару фарзандон ба ғоят хушдилу шодон берун омаданд. Аз атрофу ҷониб сесад ятими ҷаррор ва ринду хунхорро назди вай оварданд. Фармуд, ки эшонро фардо биёред, ки хилъат муҳайё шавад ва ҳам дар замон фармуд, то хайётонро талабида сесад ҷома дӯхтанд.
Мулозимони даргоҳи вай аз аёни шаҳру вилоят ҳама дар ин кор ҳайрон, ки ӯро Султони Миср ба дафъи эшон фиристод ва ӯ ба хилофи амри султон дасти эшонро қавӣ медорад: Байт:
Ба ҷои хор гулбуне нишонад,
Ба ҷои заҳр шакар мечашонад.
Аммо чун шаб даромад ба сесад марди бегонаи фарзонаи мардонаро муқаррар кард, ки силоҳ пӯшида дар ҷои хоби эшон истода бошанд, ки риндон ба он ҷо дароянд ҳар якеро ба қатл расонанд ва рӯз, ки он ҷамоат ва дастбӯсӣ карданд, ишорат шуд, ки аз ҷои хоб риндон хилъат пӯшида берун оянд ва сафи хидмат баркашида камари мулозимат бар миёни ҳаводорӣ барбанданд ва ҳамон пирро бо чаҳор писар низ куштанд ва сарҳои он қавми бесаранҷомро бар найза карда, гирди шаҳр бигардониданд ва арсаи он вилоят аз фасоди эшон пок шуд. Байт:
Бадандеш мардум сарафканда беҳ,
Дарахти бад аз бех барканда беҳ.
Севвум, ситамгарони дилозор, ки қасди молу маноли мардум кунанд ва аз сиёсати султон натарсанд, дафъи чунин касон бар подшоҳ воҷиб аст, то асари шомати ӯ ба мамлакат нарасад. Натиҷаву оқибати ӯ дар он вилоят зуҳур накунад, ки хотимати зулм зарур аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор