Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Овардаанд, ки подшоҳе буд бағоят ҷавонмарду бахшанда. Рӯзе бо яке аз наздикони худ фармуд, ки маро орзуст, ки ҳазор-ҳазор дирам ба яке бибахшам. Ту чӣ мегӯйӣ?
Гуфт: «Ин миқдор мол бисёр аст. Ин маблағ ба сад кас бас аст».
Гуфт: «Нисф аз ин ато кунам, чун бошад?»
Гуфт: «Ҳанӯз бисёр аст».
Гуфт: «Сулсе (аз се як қисм) тавон бахшид?»
Гуфт: «Бисёр аст».
Гуфт: «Дар рубъ (аз чор як) чӣ мегӯйӣ»?
Гуфт: «Ҳанӯз рӯй дар касрат дорад ва алқисса, бар ашр (аз ҳашт як) қарор дод, ки сад ҳазор дирам бошад».
Гуфт: «Агарчӣ бисёр аст магар ба як кас мебояд дод».
Подшоҳ фармуд, ки эй бедавлат ман бихостам, ки ин маблағ ба ту арзонӣ кунам, худро маҳрӯм сохтӣ ва маро аз саховат боздоштӣ. Он мард ба тазаррӯъ даромад, ки эй малик, ман хато кардам. Султон аз карами худ нагардад. Султон фармуд, ту сифлаӣ на лоиқи уқубатӣ ва на қобили атият (ато). Ҳам худро зиён дорӣ ва ҳам маро. Зиёни ман он аст, ки агар он қадар мол ба ту бахшидаме дар саховат алам (байрак) шудаме ва то инқирози дунё караму муруввати ман боқӣ мондӣ ва зиёни ту ин аст, ки аз чандин мол маҳрум шудӣ. Акнун сад ҳазор дирам, ки бахши худ бар он қарор додӣ бистон ва дигар дар маҷлиси мо чунин сифлагӣ макун! Назм:
Сифла нахоҳад дигареро ба ком,
Хас нагузорад магасеро ба ҷом.
Сифла сиёҳрӯ буваду бадниҳод,
Хоки сиёҳ бар сари ҳар сифла буд.
Чаҳорум, аз он ғайбатгаронанд, ки зикри ҳар кас дар миён ояд хоҳанд, ки аз мусовии он чизе бозгӯянд, ки агар он баёни воқеист, ғайбат бошад. Ва агар ғайри воқеъ аст, ҳам бӯҳтон бошад ва ҳам ғайбат.
Дар хабар омада, ки уқубати ғайбат аз зино сахттар аст. Дар хабар омадааст, ки баъзе аз шумо баъзеро ғайбат бикунанд. Оё дӯст дорад касе, ки гӯшти бародари мурдаи худро хӯрад. Ин ғояти таҳдид аст ва аз ин ҷо маълум мешавад, ки ғайбатгӯён монанди мурдахӯр бошанд ва ҳар киро рӯҳияи инсоният дорад аз мурда бипарҳезад ва аз мурдор бигрезад. Байт:
Аз ғайбати мардумон бипарҳез,
В-аз мардуми айбҷӯй бигрез.
Овардаанд, ки яке аз пайғамбарони ғайримурсал буд, чизҳо дар хоб ба ӯ менамуданд ва нидое мешуниданд. Шабе дар хоб дид, ки чу бомдод бархезӣ дар фалон саҳро гузар кун, нахустин чизе, ки туро пеш ояд бихӯр, дуввум чизе, ки бинӣ пинҳон кун, саввум чизе, ки дар пеш ояд нигоҳ дор, чаҳорумро ноумед нагардон, панҷум чизе, ки дар назар дарояд аз ӯ бигурез. Чунон бомдод шуд бархост ва ба он саҳро, ки маъмур буд, равон шуд. Аввал, чизе, ки пеш омад кӯҳи баланду бузурги сиёҳранг буд, он шахс мутаҳайир шуд, ки он луқмаро чӣ гуна тавон хӯрд. Ба тарафи кӯҳ равона шуд, ки кӯҳро бихӯрад. Чунон ба наздик расид, дид, ки кӯҳе бадон азамат луқмаи хурд шуда буд. Онро бардошту бихӯрд. Ширинтар аз ангубин ва хушбӯтар аз мушк ва аз он ҷо пеш рафт. Таште дид, заррин ба роҳ афканда. Гуфт: Маро амр кардаанд, ки инро пинҳон дор. Пас дар зери замин ҳуфра канд ва ниҳон кард ва хоки бисёр бар болои ӯ рехт ва бигузашт. Ҳанӯз ду қадам нарафта буд, ки дид он ташт ба рӯи замин аст, дигарбора биомад ва ҳуфра дуртар канд ва пинҳон сохт. Саввум бор дар ихфои он муболиғаи зиёде намуд боз зоҳир гардид. Шахс бо худ гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор