Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
— Маро гуфта буданд, ки пинҳон кун, ман кори худ кардам ва он чӣ фармуда буданд ба ҷой овардам.
Аз он ҷо даргузашт, мурғе дид, ки аз бозе ҳаросон шуда ба шитоб мепарад. Гуфт: «Маро нигоҳ дор, ки душман дар қафои ман аст».
Шахс ӯро дар гиребони худ пинҳон кард ва дарҳол бози хашмолудаву гурусна бирасид. Гуфт: «Ё набӣ, имрӯз ҳама рӯз дар талаби ин сайд будам, сайди ман паноҳ ба ту овард ва ман бағоят гуруснаам, маро ноумед макун аз рӯзии ман».
Шайх бо худ гуфт: «Ба ман гуфтанд, ки инро нигоҳ дор ва дигареро ноумед магзор, акнун чӣ кунам?» Корд баркашид ва қадре гӯшт аз рони худ буриду ба сӯи боз андохт. Боз гӯштро бардошту мурғро бигузошт. Он шахс пештар шуд мурдоре дид афтода ва ганда шуда аз вай бигурехт.
Аммо чун шаб даромад, шахс муноҷот кард: «Аллоҳ, он чӣ фармудӣ ба ҷой овардам, ҳикмати инҳо маро маълум гардон».
Нидо расид, ки он кӯҳи азим, ки дидӣ ва як луқма шуду бихӯрдӣ он хашм аст. Аввал азим намояд ва чун бихӯрдӣ ширинтар аз ҳама шириниҳост. Дуввум, он ташти заррин, ки ҳар чанд пинҳон мекардӣ ошкор шуд, хайр аст. Ҳарчанд кас хоҳад, ки некиро махфӣ бидорад, албатта зоҳир мешавад. Он саввумро маъно он аст, ки ҳар ки паноҳ орад дар паноҳ гирӣ ва ҳар кас туро эмин кунад, хиёнат дар амонат раво надорӣ. Маънии чаҳорум он аст, ки чун касе аз ту чизе талабад ҷаҳд кун, то ҳоҷати ӯро раво гардонӣ. Панҷум, он мурдори ганда, ки дидӣ ғайбат буд зинҳор аз ғайбат бигурезӣ, ки ғайбат кирдори некро ботил гардонад.
Марон ғайбати ҳеҷ кас бар забон,
Ки тоат зи ғайбат фитад дар миён.
Ба ҳар ғайбате тоате кам шавад,
Зи ғайбатгарӣ кор барҳам шавад.
Ва сӯҳбати мулук бояд, ки аз лути ғайбатгару бӯҳтонгӯй пок бошад. Чунончи гуфтани ғайбат ҳаром аст, шунидани он низ раво нест, ки азоби ғайбатшунаванда баробар аст бо азоби ғайбаткунанда.
Гӯшу забон дар раҳи ғайбат манеҳ,
Аз бади кас гӯшу забон пок беҳ,
Ва қабл аз ин нуқта дар боби ғайбат гуфта будам.
Панҷум, аз касоне, ки сазовори даргоҳи мулук набошанд, мардуми ноҳақшинос ва ғаррори носипосанд, ки ҳуқуқи валинеъматро нашиносанд ва шукри мунъимро ба куфрон мубаддал созанд ва ҳамеша ин ҷамоат сарнагуну мақҳур бошанд ва аз дилҳои ошноиву бегона на дари бахти эшон бедор бошад, на давлати эшон пойдор.
Қитъа:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор