Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Рисолаи «Ҳотамия» воқеан рисолаи ростини тарғиботии ойини ҷавонмардист. Ҳусайн Воиз зимни ибрози кору амалиёти Ҳотами Той нақши ӯро пайваста дар шоҳроҳи камолоти маънавӣ инъикос мегардонад. Ҷавонмардии Ҳотам амали хайр аст. Амалест фақат амал на ҳарф. Ҳар амале, ки аз тарафи Ҳотам ба вуқӯъ мепайвандад маҳз ба тарғиби афкору омоли ҳайратафзои ойини ҷавонмардӣ сурат мегирад.

Боре дар роҳе мазлуме аз Ҳотам озодии хешро таманно мекунад: «...оқибат банд аз дасту пойи ӯ бардошт ва дар дасту пойи худ ниҳод ва шарти ишфоқ (меҳрубонӣ) ба ҷой оварда, рақами итлоқ (озодӣ) бар ҷаридаи ҳоли вай кашид ва худро муқайяд сохта, ӯро озод гардонид. Инъикоси чунин рафтори Ҳотам, албатта, дар адабиёти бостониамон нав нест, балки ҳамин гуна ҳаракати башардӯстонаро мо дар рафтори падари ошиқони олам — Маҷнун дида метавонем. Низомии Ганҷавӣ ин саҳнаро дар қисмати «Раҳонидани Маҷнун оҳуворо», «Озод кардани Маҷнун гавазнонро» ва «Бурдани пиразан Маҷнунро ба дари хиргоҳи Лайлӣ».

Маҷнун зи сари шикастаболӣ,
Дар пойи зан уфтод ҳолӣ.
Кин силсилаву танобу занҷир
Бар ман неҳ, аз ин рафиқ баргир!
К-ошуфтаю мустаманди моем,
Ӯ нест сазои банд, моем.

устодона ба қалам медиҳад.
Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар қисмати «Бозраҳонидани Маҷнун ғизолеро аз сайёд ва озод кардани вай ба ёди Лайлӣ» ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, менигорад:

Мискин чу расан ба дасти ӯ дод,
Сад бӯса ба чашми масти ӯ дод.
Пашмин расан аз сараш бадар кард,
В-аз соиди хеш тавқи зар кард.

Чуноне ки мебинем аз тарафи Маҷнун раҳонидани мазлуму ҳайвон аз дасти сайёд дар ҳарду достони ошиконаи Низомиву Ҷомӣ ба хотири маъшуқаи хеш карда бошад дар ҳаракати ҷаззобонаи Ҳотам ин амри қотеъ ба хотири дӯстдории ҳамхелон ва бидуни андешаи подоши амал рух додааст.

Саховату карами Ҳотам ҳадду марз надорад. Ӯ дар ин роҳ то андозае иртифои амал меварзад, ки тайёр аст баҳри амали гардидани андешаву омоли шахси ношиносе ба азизтарин дороии хеш — ҷон падруд гӯяд. «Ман марди парешонрӯзгор ва ошуфтаҳолам ва маишати ман аз айёрӣ ва дуздӣ мегузарад ва дар ин вило султони Яман маро талабида ба ваъдаи молу матоъи фаровон карда ба шарти он, ки Ҳотамро пайдо карда ба қатл орам ва сари ӯро ба тӯҳфа назди малик барам ва ман ба зарурати ваҷҳи маош ин суратро қабул карда бад-ин вилоят омадаам, на Ҳотамро мешиносам ва на роҳ ба манзили ӯ мебарам»:

пешина
аз 242
навбатӣ