Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Бихандиду гуфто, ки Ҳотам манам,
Сар инак ҷудо кун ба теғ аз танам.
Чунин кордории самимонаву каримонаи Ҳотам падидаи тоза ва нақши нотакрори ҷовидонаи ӯро дар авроки рангину нақшини адабиёти ҷавонмардии арабу аҷам ҷилодор намудааст. Ба ин ваҷҳ Ҳотам, ки худ симои абадзиндаи мардумнавозию хайрандешии тоисломин мардуми араб мебошад, дар адабиёти ҷавонмардии асримиёнагии форсу тоҷик низ ба ҳама салобату ҳашамати накӯкорони хеш ворид мегардад. Аз ин лиҳоз чеҳраи Ҳотам худ чеҳраи тобону дурахшони адабиёти ҷавонмардии моро таъмин намуда, як навъ пули азиме миёни ду соҳил: соҳили пеш аз исломӣ ва баъди исломии мардуми арабу аҷамро фаро мегирад.
Рисолаи «Ҳотамия»-ро мо дар асоси чопи Саид Муҳаммади Ҷалоли, ки ӯ дар асоси ду нусхаи хаттӣ: китобхонаи «Маҷлиси шӯрои миллӣ» ва нашри Шарл Шефер соли 1941 дар Теҳрон ба табъ расонидааст, таҳия намуда, луғатҳои мушкилдаркашро шарҳ додаем.
Гуфтан ҷоиз аст, ки «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Футувватномаи султонӣ» ва рисолаи «Ҳотамия» се асари комилан ҷудогонаи як муаллиф маҳсуб мешаванд. Ин асарҳо ҳар кадом бо фарогирии мавзӯоти худ тарафҳои гуногуни ахлоқи одамиро фаро гирифта, ба амиқии назар ва фароҳии андеша зарраҳои ноаёну нодиди маромномаи афкори ойини ҷавонмардиро андаруни ҷомеаи курупи вусто баркаш менамоянд.
«Футувватномаи султонӣ» ва рисолаи «Ҳотамӣ» яке ба тариқи пурсишу посух ва дигаре зимни ҳикоёту маснавиҳо роҳи ба камоли маънавӣ расиданро дар чавқоти ойини ҷавонмардӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Маромномаи «Ахлоқи Муҳсинӣ» низ аз чунин қарор дур намемонад. Балки ин асари шоиста барои аркони давлат як навъ дастури мардумшиносӣ будааст.
Дар охир аз шодравон Мулло Нурмуҳаммади Даргӣ барои дар солҳои пурошӯб ҷони худро зери хатар гузашта, садҳо ҷилд дастнавис, баёзу девонҳои камёбро маҳфӯз доштан ва дар ихтиёри банда гузаштани дастнависи «Ахлоқи Муҳсинӣ» самимона сипосгузорам.
ҚУРБОН ВОСЕВ,
устоди Донишгоҳи Тоҷикистон
ФУТУВВАТНОМАИ СУЛТОНӢ
Ин рисолаест дар баёни тариқи аҳли футувват ва қавонину одоби шадду байъат ва пӯшидани тоҷу хирқа ва шарҳи адабу сирати ҳар фирқа ва шароити шайху мурид ва шогирду устод ва лавозими такмилу таълим ва талқину иршод, ки фақири ҳақиру касир ат-тақсир Ҳусайн ал-Кошифӣ аз кутуби мӯътабара ва расоили машҳура истинбот (натиҷа) намуда ва дар силки таҳрир кашида, онро «Футувватномаи султонӣ» ном ниҳод. Асоси ин рисола дар муқаддима ва дувоздаҳ боб ва хотима лоиқ афтод. Муқаддима дар шарафи илми футувват аст ва мавзӯи ин илм ва баёни маънии футувват ба ҳасби луғат ва истилоҳ дар се фасл.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор