Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Назм:
Ҳар ки зи давлат асаре ёфтаст,
Аз дили соҳибназаре ёфтаст.
Ҳиммати мардон чу дарояд ба кор,
Барги гули тоза барояд зи хор.
Ҳар назаре к-аз раҳи сидқу сафост,
Чун ба ҳақиқат нигарӣ кимиёст.
Ва дигар умарои давлат эшон, ки рукни асосии мамлакат ҳастанд. Тарбияти эшон бар он ваҷҳ шояд, ки даҳоне ба қавоиди таъзими эшон роҳ наёбад ва дасти эшон дар тасаддии (машғул шудани) муҳиммоти мулкӣ ва молии қавм мутлақ бошад ва дар ҷамиъи умуре, ки ба он мӯҳтоҷ бошанд эшонро мадҳал диҳанд, то ҳеҷ умуре бе раъю тадбири эшон сохта нагардад, ва сухане, ки дар боби масолиҳи мулку мол ба мавқифи арз расад, ба самъи қабул исо (гӯш кардан) намоянд ва дар тақвияти ҷорӣ гардонии муҳиммоте, ки мутааллиқ ба эшон аст, ки иборат аз умури навоҳӣ ва элчиву лашкариён ва мулозимон, шарафи илтифот, арзонӣ доранд. Хусусан дар муҳими элчӣ, ки ӯ забони салотин бошад ва ҳолати ҳар подшоҳе аз атвори элчии ӯ маълум метавон кард: «Пас, элчӣ марди сухангӯй, некрӯй, соҳиби ҷуд, бузургҳиммат бояд, то обрӯйи фиристандаи худ нарезад ва ба ҳар кас расуле фиристонд муносиби он кас бояд фиристод, чунончи ҳаким фармуд:
Расули тавоно, тавоно фирист,
Ба доно ҳам аз ҷинси доно фирист.
Овардаанд, ки Маҳлаб чун хавориҷро ҳазимат кард ва ғанимати бисёр ба даст овард, расуле Молик ном ба назди Ҳаҷҷоҷ фиристод. Ҳаҷҷоҷ гуфт: «Маҳлабро чун гузоштӣ?» Гуфт: «Дар ҳоле, ки дӯстони ӯ масруранд, душмани ӯ мақҳур». Гуфт: «Шафқати ӯ бар сипоҳ ба чӣ андоза аст?» Гуфт: «Шафқати падарона бар фарзандон». Гуфт: «Ҳоли фарзандони ӯ чун аст?»
Гуфт: «Ҳама хушанд». Гуфт: «Дар разм чунанд?»
Гуфт: «Ҷонро дар пеши эшон хатаре нест». Гуфт: «Дар базл чӣ гунаанд?» Гуфт: «Молро дар пеши эшон қадре нест». Гуфт: «Дар ақлу фазл чӣ гунаанд?» Гуфт: «Чун доирае, ки сару пояш натавон ёфт ва аввалу охираш натавон ёфт». Ҳаҷҷоҷ гуфт: «Ин мард суханро ба ҳадди камол расонид ва Маҳлабро дар дили мо вақъате (бузурге) ва дар чашми мо ҳашмате ҳосил шуд, ва аз одоби расул ва ақли ӯ истидлол кардем бар адаб ва аҳли фиристандаи ӯ». Қитъа:
Расул аз фиристӣ ҳакиме фирист,
Ки кори туро бошад аз вай биҳӣ.
Шунидӣ, ки он марди доно чӣ гуфт:
«Фаарсил ҳакиман ва ло таҳзанӣ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор