Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо тарбияти лашкариён аз ҷумлаи заруриёт аст ва фоидаи эшон чаҳор чиз аст. Аввал, қувват ва ҳайбати подшоҳ. Дуввум, дафъи душманон. Саввум, эминии руаё. Чаҳорум, дафъи дуздону эминии роҳҳо ва эшонро чаҳор шарт ба ҷо бояд овард. Аввал, он ки аз фармони султон берун нараванд ва ҷуз ба ҳукми ӯ кор накунанд. Дуввум, он ки бо подшоҳ якдилу якзабон бошанд. Саввум, он ки бо якдигар низ муттафиқ бошанд.

Чаҳорум, он ки дар корзор мардонагӣ ва фарзонагӣ риоят намоянд. Султонро низ бо эшон чаҳор кор бояд кард. Аввал, он ки силоҳ ва маркаби эшон муҳайё созад. Дуввум, мартабаи ҳар як нигоҳ дорад. Саввум, мардони кориро ба тарбият некӯ кунад ва дар миёни лашкар сарфароз созад. Чаҳорум, аз лашкари душман, ки ғанимат ба даст ояд эшонро баҳраманд гардонад. Аз подшоҳ Қубод манқул аст, ки мӯбадро гуфт, ки бо лашкар чӣ гуна маишат кунам? Фармуд, ки ба ҳар чанд вақт тафаққуди (ҷӯёӣ) ҳоли эшон бояд кард. Чунончи, худованди боғ тафаҳҳуси (назорати) бӯстон мекунад ва ҳар гиёҳе, ки ба кор наояд ва қувват аз дигар гиёҳҳо бозмеситонад, онро мебурраду дур месозад ва ҳар чӣ аз ӯ нафъе мутасаввир аст, нигоҳ медорад ва тарбият мекунад. Ва дар миёни лашкариён низ ҷамъе бошанд, ки аз эшон ҳеҷ кор наояд. Эшонро улуфа (хӯрок) додан асоми (номҳои) онҳоро аз девони арзоқ (ризқҳо, насибаҳо) маҳв бояд сохт ва ба тарбиятии мардуми корӣ бояд пардохт ва ба ваҷҳе улуфаи эшон бояд дод, ки ба тариқи эътидол бошад, чӣ агар маишати эшонро танг гирӣ малулу мутафарриқ (пароканда) шаванд ва мумкин аст руҷӯъ ба ҷои дигар намояд ва агар маишат бар эшон фарох гардад, мустағнӣ шаванд ва дар мулозимату хидматгорӣ коҳилӣ варзанд ва ҳамин маъниро ҳаким Низомӣ оварда. Назм:

Сипаҳро ба андоза деҳ пойгоҳ,
Мадеҳ бештар мол аз харҷи роҳ.
Шикамбандаро чун шикам гашт сер,
Кунад буздилӣ гарчӣ бошад далер.
На серӣ чунон деҳ, ки гарданд маст,
На бигзорашон дар хӯриш тангдаст,
Сипоҳе, ки хушдил набошад зи шоҳ,
Надорад ҳудуди вилоят нигоҳ.

Дигар вузаро, ки эшон пирояи мулку хазонаи моанд ва агар муҳими волии мамлакат бе вазири мутамашшӣ (иҷро) гаштӣ, ҳазрати Мӯсо «ало набиино ва алайҳиссалом» аз худо дарнахостӣ, ки аз барои ман вазире аз аҳли байти ман муайян соз ва он бародарам Ҳорун аст ва бад-ӯ пушти ман қавӣ гардон. Пас, маълум мешавад, ки вузаро сабаби истеҳкоми бинои салтанат ва интизоми умури мамлакат ҳастанд, вақте ки мустаҷмеъи (фароҳамморандаи) ҳисоли писандида ва ахлоқи закия (пок) бошанд. Байг:

пешина
аз 242
навбатӣ