Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Қитъа:
Магӯ васфи касе наздики шоҳон,
Магар вақте ки ӯро нек донӣ.
Ки гар набвад бар он васфе, ки гуфтӣ
Басе дар инфиъоли он бимонӣ.

Ҳафтум, ҳар чи донад, ки подшоҳро бад-он майле аст, аз аспу навкар ва амтоъ ва обу замин ва ғайри он ҷиҳати худ нигоҳ надорад, балки ба тариқи истидъо чунон кунад, ки ба назари қабул расонад.

Ҳаштум, он ки чун подшоҳ бо вай сухан гӯяд, ба дилу ҷон ва ақлу ҳуш ва чашму гӯш ва тамоми ҷавореҳу аъзо мутаваҷҷеҳи сухани вай бошад ва чунон накунад, ки як калима аз вай фавт шавад ва ба ҳеҷ фикру амал напардозад ва назар бар ҷониби дигар наяндозад ва ба сухан бо касе машғул нашавад, ҳар чанд сухани зарурӣ бошад, чӣ салотин бағоят ғаюр бошанд. Бибинанд, ки касе таваҷҷӯҳи эшон аст ба ҷони дигар ба назар ё ба сухан майл кунад, аз рӯйи ғайрат ба вай хашм гиранд ва агар дар он маҳал зоҳир накунанд, асари он ба мурур зуҳур кунад ва хатарот бар он мутараттиб шавад. Нӯҳум, дар маҷлиси мулук бо касе саргӯшӣ накунад, яъне сир нагӯяд, ки ҳар ки ба ҳузури ӯ ду тан сир гӯянд, ки ӯ надонад ва нашнавад ва нафармуда бошад, ӯро хаёлоти бисёр рӯ диҳад ва анвои (навъҳои) гумонҳо барад ва ағлаб аст, ки аз эшон кина гирад ва дар сӯҳбати салотин ин маъниро муболаға бештар мебошад. Мумкин аст, ки ҳасадбарон ва аҳли фасод хотирнишони подшоҳ карда бошанд, ки фалону фалонро бо шумо дил рост нест ва дар ҳавохоҳии эшон халале падид омада ва дар мақоми қасд мебошанд. Чун султон бинад, ки дар маҷлис бо якдигар сир мегӯянд, каломи соҳибғараз он муассир меафтад. Назм:

Сухан пӯшида гуфтан дар маҳофил,
Набошад шеваи донову оқил.
Ки аз тарзи адаб бисёр дур аст,
Нишони ғафлату макру ғурур аст.

Даҳум, бояд ки чун султон аз каси дигар саволе кунад, ӯ сибқат накунад ва ҷавоб надиҳад, то он кас, ки аз ӯ пурсид ҷавоб гӯяд, зеро ки ҷавоб додани касе аз саволе, ки ба дигаре нигарон аст, ҳамл ба сабукборӣ ва бевиқории ӯ мекунад. Яке аз ҳакиме пурсид, ки агар ман дар маҷлиси подшоҳӣ бошам ва ӯ аз ғайри ман савол кунад, раво бошад, ки ман ҷавоб диҳам? Гуфт: «Не. Ту ҷавоб магӯ, ки ӯ фасонаи истихфоф аст. Ҳам ба соил, яъне надонистӣ, ки аз кӣ бояд суол кард ва ҳам ба масул, яъне истиҳқоқи ин суол надорад ва дар ин боб маҳзури дигаре аст, ки агар султон гӯяд, ки аз ту намепурсам инро чӣ ҷавоб тавонӣ гуфт ва аз ин сурат чӣ гуна берун хоҳӣ омад. Агар фарзан аз ҷамоате пурсад, ки ту аз эшон бошӣ, ба ҷавоб сибқат макун, ки дигарон ҳасми ту бошанд ва бар сухани ту айб гиранд, балки таъхир кун, то дигарон гӯянд ва айбу ҳунари ҳар сухан бидонӣ, пас он чи ту донӣ, агар беҳтар бошад, арз кун ва илло хомӯш биншин». Маснавӣ:

пешина
аз 242
навбатӣ