Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Макун хиффат андар ҷавоби сухан,
Магар дар хатову савоби сухан.
Агар нақди ту беғаш омад ба ёр,
К-аз он нақд афзуда гардад аёр.
Ва гар на, дар изҳори айбат макӯш,
Мар онро ба ситри хомӯшӣ бипӯш.

Ёздаҳум, бояд ки то султон чизе напурсад, ибтидо сухан накунад ва чун пурсад ҷавоб ба қадри кифоят гӯяд ва хомӯшӣ кунад, магар вақте ки подшоҳ майл дошта бошад бо он ки сухан бештар ва дарозтар гӯяд.

Дувоздаҳум, он ки агар султон ӯро бар чизе вуқуф (огоҳӣ) надиҳад, мутлақан тафаҳҳуси он накунад ва дар пайи донистани он наравад, чи ӯро қобилият он будӣ ба ӯ гуфтанӣ. Пас, муболаға дар вуқуф бар он мутазаммини (момили) ғазаби султон аст.

Қитъа:

Бо ту сирре гар намегӯянд аз номаҳрамӣ,
Ҳар ки номаҳрам бувад бо сирри султонат чӣ кор?
Чун касеро дар даруни хона рафтан роҳ нест,
Бо тамаллуқҳо намудан, пеши дарбонаш чӣ кор?

Сездаҳум, бояд ки дар туҳфа ва ҳадя ва атиё, ки музди вай шавад, истиғно нанамояд аз подшоҳ, агар чӣ муҳаққир бошад, зеро ки андаки султон бисёр аст ва истиғнои шоҳонаи худро доштани инояти подшоҳист ва ҳеҷ оқил ин накунад, ки файзе аз сояи илоҳӣ мутаваҷҷеҳи ӯ гардад ва аз худ рӯ кунад. Байг:

Ҳар чӣ аз пеши шаҳ ояд хуш бувад,
Андаку бисёри ӯ дилкаш бувад.

Чаҳордаҳум, аз тариқи амонат қадам берун наниҳад, ки амонат сифатест, ки мардуми худро азиз гардонад ва хиёнат хислатест, ки мардуми азизро хор созад. Яке аз хулафо фармуда, ки ман мардуми аминро дӯст медорам, ҳарчанд сифла бошанд ва бо касе ки хоин бошад душманӣ дорам, агарчи бузургу олӣ бошад, зеро ки амонат аломати имон аст ва дар ҳадис омадааст, ки «имон надорад, ҳар ки амонат надорад»

ҳақ субҳонаҳу ва таоло хоинро аз муҳаббати худ бебаҳра сохтааст.

Понздаҳум, бад-он чӣ аз подшоҳ ба вай расад қонеъ ва розӣ бошад ва зиёдаталабӣ накунад ва ҳирс нанамояд, ки албатта ҳирмон (маҳрумӣ) лозими ҳирс аст.

Назм:
Ҳирсу ҳирмон қарини якдигараст,
Ҳирс аз ҷумла хулқҳо бадтар аст,
Мардум аз васфи ҳирс хор шаванд,
Дар қаноат бузургвор шаванд.

Шонздаҳум, дар ҳузур ва ғайбати султон бар зикри маҳомид ва нашри макорими ӯ мудовамат намояд ва агар аз касе калимае бишнавад, ки муштамил бар тарк адабе бошад ва нисбати подшоҳ ӯро бад-он насиҳат ва маломат кунад ва агар мунзаҷир нашавад, сахт гӯяд ва ҷафо кунад ва агар бад-ин бедор ва ҳушёр нагардад, тарк мухолатат (омезиш) ва муҷоласат ва мусоҳабати вай гирад ва бо ӯ бо ҳеҷ ваҷҳ сухан нагӯяд.

пешина
аз 242
навбатӣ