Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва агар дуруштӣ кунад онро ба мулоимат ҳисоб намояд.
Мисраъ:
Таъвили вафо кардам, ҳарчанд ҷафо дидам.

Бисту дуввум, он ки агар дар маърази сахат (ҳашм) ва ғазаб ва итоби султон афтад, албатта бо ҳеҷ офарида шикоят накунад ва адоват ва ҳиқд (кина) дар дили худ роҳ надиҳад ва рӯи гуноҳро бо худ гардонад.
Фард:
Ҳарчанд ҷафо кунад шикоят накунем,
Гӯем, гунаҳ аз тарафи мост ҳанӯз.

Ва баъд аз он иҷтиҳод кунад ва талаттуф намояд, то сабабе, ки бадон изолаи (маҳв кардан) хашм тавон кард, муҳайё созад.

Бисту сеюм, агар султон бар касе хашм гирад ё бар вай муттаҳам шавад, бояд ки аз он кас таҷаннуб (дур шудан) намояд ва бо тӯҳматзада ихтилот накунад ва бо эшон дар як маҷлис маҷолисат нанамояд ва эшонро сано нагӯяд ва тамҳиду узрхоҳӣ накунад, то вақте ки ғазаби султонӣ ба нисбати эшон сокин гардад ва умеди отифату марҳамат ва меҳрубонӣ падид ояд, он гоҳ бар ваҷҳи латиф эътироз (узрбаёнӣ) бояд намуд, то ризои эшон ҳосил ояд.

Бисту чаҳорум, он ки дар пайи ризои султон равад ва чунон созад, ки хушнудии ӯ ҳосил кунад ва он ба чаҳор чиз муяссар аст. Яке он ки ҳар чӣ подшоҳ гӯяд тасдиқ кунад, магар чизе ки мухолифи шаръу дин бувад. Дувум, раъю тадбири ӯро бистояд (ситоиш кунад). Савум, маҳомиди ӯро зоҳир гардонад. Чаҳорум, масовӣ ва қабоиҳи ӯро бипӯшад.

Бисту панҷум, китмони асбоб аст ва ин умдаи ҳамаи шартҳо ва асли ҳамаи адабҳо бошад. Пас, бояд ки дар пӯшидани розҳои султон муболаға ба ҷо оварад. Тариқи эҳтиёт дар ин роҳ он аст, ки аҳволи зоҳири подшоҳро, ки ҳамаи мулозимон бар он мутталиъанд ба қадри тавонойӣ пӯшида дорад, то бар сифат китмони малакӣ падид ояд, он гоҳ сир пӯшидан бар ӯ осон шавад ва чун султон бар ҳоли ин кас иттилоъ ёбад агар сирре фош гардад, тӯҳмат бар вай наафтад, чи сирри мактум (пӯшидашуда) бе он ки касе фош кунад аз аҳволи зоҳир ба фаросат маълум метавон кард ва аз баъзе истидлолот (далел) низ мафҳум мешавад ва дар аснои ин ҳол касоне ки дар он сирӣ маҳалли эътимод будаанд, ҳама муттаҳам мешаванд ва гумонҳои бад ба эшон мебаранд. Пас, чун кас бад-ин сифат машҳур шавад, ки маҳрами асрор аст ва ҳеҷ сирре аз ӯ тарашшуҳ (тароида баромадан) намекунад, аз ин гумонҳо дур мебошад. Агар худой нокарда сиққаи (қудрати) касе заиф бувад ва таҳаммули китмони сир наметавон кард сари ӯ дар маҳрази талаф аст. Байт:

пешина
аз 242
навбатӣ