Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Чунин гуфт он ҳакими маслиҳаткӯш,
Ки гар сар боядат сирро фурӯ пӯш.
Овардаанд, ки подшоҳи бузургвор аз ҳакими олимиқдор васияте талабид. Ҳаким фармуд: «Эй малик, ҳамаи васиятҳо дар ин ду калимаи шариф мундариҷ аст ки «Фармони худоро бузург дор ва шафқат бо халқи худо фурӯ нагузор». Рубоӣ:
Эй тозаҷавон бишнав аз ин пири куҳан,
Як нукта, ки ҳаст бегумон асли сухан.
Бо ҳақ ба адаб бош у ҳикоят меварз
Бо халқ ба рифқ бош у некӣ мекун.
Подшоҳ гуфт: «Дар сиёсат сухане бигӯй». Гуфт: дар куштани мардум саъӣ макун, ки харобии бадани инсон осон коре нест, магар дар куштани се кас, ҳама доноён туро маъзур хоҳанд дошт. Яке ҷобире, ки ҷабркунанда харобии мулки ту ҷӯяд. Дуввум, омиле ки моли ту дуздад. Саввум, хоине ки сирри ту ошкор кунад».
Дар ҳикоят омада, ки Нӯшервонро гуфтанд: «Фалон кас сирри ту ошкор мекунад». Фармуд, ки ӯро дар хок пинҳон кунед, то он роз пинҳон бимонад.
Қитъа:
Ҳар ки созад сирри пинҳон ошкор,
Зери хоки тира пинҳон беҳтар аст.
Сир нигаҳ дорай сарат монад ба ҷой,
З-он, ки ҳифзи сир нигоҳбони сар аст.
Овардаанд, ки подшоҳе бо яке аз мулозимони худ гуфт, ки сирре бо ту мегӯям, ки бояд бо касе нагӯйӣ. Гуфт: «Нагӯям». Гуфт: «Ман аз бародари худ андешанокам ва пеш аз он ки аз ӯ қасде зоҳир гардад дар садади дафъи ӯ мебошам, бояд ки пайваста ту маро муҳофизат кунӣ ва аз бародари ман ҳар чи дарёбӣ, хабар ба ман расонӣ». Он кас қабул кард ва фурсате талабида он ҳол бо бародари ӯ гуфт ва он бародар аз вай миннатдор шуду гуфт: «Ҳақро ба ман собит кардӣ, ки маро хабардор сохтӣ», ӯ низ худро муҳофазат мекард. Бародараш вафот кард ва салтанат бад-ӯ расид. Дарҳол, ки бар тахт нишаст, навкари бародарро талабиду ҳукм кард, ки сараш бардоранд. Гуфт: «Эй малик, гуноҳи ман чист?» Гуфт: «Он, ки сирри бародарам ошкор кардӣ ва бо вуҷуди он ки ҳама инъом дар ҳаққи ту фармуда ва туро маҳрами инъоми худ сохта, ту сирри ӯро нигоҳ натавонӣ дошт, маро бар ту ҳеҷ эътимоде намонд». Пас, ӯро ба қатл расонданд, ба сабаби он ки ӯ роз напӯшид ва дар вартаи ҳалокат афтод. Фард:
Ба пири майкада гуфтам, ки чист роҳи наҷот,
Бихост ҷоми маю гуфт: «роз пӯшидан».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор