Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо дар риояти ҷониби худ ҳафт шарт риоят бояд дошт: Аввал, аз ҷое ки чизе набояд шуд наситонад ва ба ҷое ки набояд дод чизе надиҳад, то на дар дунё бекому бемиқдор бошад ва на дар охират расвову шармсор. Дуввум, то тавонад дафъи бадӣ кунад аз ҳама кас, некӣ расонад ба ҳама. Саввум, баландҳиммат бошад, ки эътибори ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст. Шеър:

Бошад ба қадри ҳиммати ту эътибори ту.

Ва ҳар ки ба сифати олиҳиммат ороста аст, ҳар ойина нафси худро ба тамаъи молу маноли дунё, ки бағоят хабис аст, хор нагардонад ва ба андак фоидаи ҷоҳ ва ё моле, обрӯи шарифи худро бар бод надиҳад, ки молу ҷоҳ намонад ва ӯ дар мақоми ҳиссату хорӣ бимонд. Чаҳорум, он ки на бар халқ сахт гирад ва на бар худ. Аммо Ҳуҷҷатул-ислом фармуд, ки: Аҷаб бадбахтие бошад, ки барои ризои махлуқ худро ба хашми холиқ гирифтор гардонад ва ба ҷиҳати фароғати султон чандин мазлама бар гардани худ гирад ва нафси азизи худро ҳимои оташи дӯзах созад ва ба худ напардозад. Қитъа:

Аз барои ризои халқ макун,
Хешро мустаҳиқи хашми худо.
Ҳайф, к-аз баҳри роҳати дигарон
Ту дарафтодаӣ ба ранҷу ано1

Панҷум, қадри ихтиёр бидонад ва қимати иқтидор бишиносад ва чунон созад ки: Байт:

З-он пештар, ки марг баногаҳ фарс расид,
Хуршеди умр ба сари кӯҳи фано расид.
Зикри ҷамил ба асари хуб аз ӯ ёдгор бимонад.

Шашум, ба ихтиёр ва ҷоҳи худ мағрур нагардад ва такя бар иззату эҳтиром накунад, ки даҳри ғаддор ва сипеҳри носозгор ба ҷафоҷӯйӣ ва тундхӯйӣ маъруф аст. Андаке замонеро аҳдномаи давлат дарнавардида мешавад ва рақами ноумедӣ бар сафҳаи бахтёрӣ ва комгорӣ кашида мегардад. Назм:

Машав мағрури молу ҷоҳу динор,
Ки дунё ёд дорад чун ту бисёр.
Дамодам бигзари даъво гузорӣ,
Ба душман ҳар чи дорӣ вогузорӣ.

Ҳафтум. Ба он миқдор, ки мумкин аст бо мардум некӣ кунад, ки фоидаи тақарруби мулук ва ихтиёр бар даргоҳи салотин он аст, ки фавоиди эҳсон ба ому

1 Ано — ранҷ, машаққат.

хос расонад ва хурду бузургро аз моидаи ҷоҳи худ таволии файз чашонад ва яқин бояд донист, ки ҳар ки некӣ мекунад бо худ мекунад.

Яке аз акобири дин фармуда, ки ман дар ҳама умр бо касе некӣ накардаам. Мулозиме пурсид, ки бардавомии файзу эҳсон ва инъоми шумо ом аст ва бештар аҳли ин шаҳр машкури (шукр кардан) неъматҳо ва маҳзузи (хурсанд) карами шумоянд маънии ин сухан, ки мефармоед, ки ман бо ҳеҷ кас некӣ накардаам равшан созед. Фармуд, ки рост гуфтам. Ҳақ субҳонаҳу дар каломи мӯъҷазнизоми худ фармуда: «Агар некӯӣ кунед, некӯӣ карда бошед бо нафсҳои худ». Пас, чун хосияти эҳсон роҷеъ ба нафси ман аст, пас, накӯӣ бо худ карда бошам ва дар ҷониби бадӣ низ ҳамчунин аст ва дар ҷойи дигар ҳақ субҳонаҳу фармуда: «Агар бадӣ кунед ҳам ба нафсҳои худ кунед» чи уқубати бадӣ ба шумо боз мегардад.

пешина
аз 242
навбатӣ