Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Назм:
Ҳаққи неъмат нигоҳ бояд дошт,
Ҳурмати подшоҳ бояд дошт,
Ҳар ки рӯ тобад аз вали неъмат,
Бахт аз ӯ рӯй тобаду давлат.

Ва гуфтаанд аломати мардӣ он аст, ки аз валинеъмат макруҳӣ ва мазаррате расад, онро дар муқобалаи фоида ва манфиате, ки аз ӯ гирифта маҳву ночиз гардонад, то шукри неъмат баҷо оварда бошад. Фард:

Нахоҳам аз сари кӯят ба сад чандин ҷафо рафтан, Нашояд шерамардонро ба ҳар захме зи ҷо рафтан.

Овардаанд, ки хоҷа ғуломе дошт, кофӣ ва хирадманд. Рӯзе он мард бо он ғулом ба боғе рафт. Дар асно тамошои боғ ба полизе расид ва хиёре бозкарда ба дасти ғулом дод. Ғулом пӯст боз карда ба рағбати тамом тановул менамуд, чунончи хоҷа ҳавас кард, миқдоре аз он талабид, то бихӯрад ва ҳамин ки бичашид, бағоят талх буд ва гуфт: «Эй ғулом, хиёре бад-ин талхӣ чи гуна ба нишот мехӯрӣ?» Гуфт: «Эй хоҷа, ин хиёр, ки ту ба ман додӣ ва аз дасти ту бисёр чарбу ширин хӯрдаам, шарм доштаам, ки ба як луқмаи талх рӯй турш кунам». Фард:

Аз дасти ту сад шарбати ширин бичашам,
ЯК шарбати талх ар бичашам бок набошад.

Хоҷаро хуш омад ва гуфт: «Чун шукри неъмати ман адо кардӣ, туро дар бандагӣ нагузорам». Озодаш кард ва инъоми бисёр фармуд...

Чаҳорум, бояд ки ғарази вай аз ҳама асбоб: молӣ, ҷоҳӣ ва нияти подшоҳ ва оростагии боргоҳ бошад на таҷаммули нафси худ, чи ин навъ ба адаб наздиктар аст ва ба ҳақшиносӣ лоиқтар, балки истифои он асбоб дар ин сурат мутасаввур.

Панҷум, ҳазар кунанд аз ташбеҳ намудан ба подшоҳ дар чизе, ки ӯ бад-он мутафаррид бошад аз манозил (маконот) ва малобис (пӯшоқӣ) ва маокил (хӯрокӣ) ва марокиб (савориён) ё чизе, ки лоиқи мулук бувад ва пас, чи ин маъни маҳмул ба тарки адаб бошад. Мумкин аст, ки он чиз дар маърази захоб бувад ва ба сабаби он дар вартаи ҳалок афтад.

Шашум, бояд ки бар ҳар кор, ки аз султон содир шавад, ки на мухолифи шаръ бувад ӯро мадҳ гӯяд ва он корро ба хубӣ ситоиш кунад. Байг:

Агар шаҳ рӯзро гӯяд шаб аст ин,
Бибояд гуфт, инак моҳу парвин.

Ва ҳама уқалоро маълум аст, ки ҳеҷ коре набувад дар дунё, ки онро ду ваҷҳ набошад. Яке ҷамил ва яке қабеҳ. Пас, ваҷҳи ҷамил ба ҳар коре талаб кунад ва онро ҳавола ба подшоҳ намояд ва агар ин кор маслиҳат набошад баъд аз он ба тадбири ҳакимона хотирнишон кунад.

пешина
аз 242
навбатӣ