Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ҳафтум, агар султон рой занад, ки мухолифи нафси ӯ бошад, ё сухане гӯяд, ки макрӯҳи табъи ӯ мувофиқат бояд кард ва тазаллул бояд намуд ва ба таҳқиқ бояд донист, ки ӯ султон ва он кас чокар. Пас, чокар бояд, ки мутобиати султон кунад, на он ки мусоидат (мувофиқат) ва мутобиати (пайравии) худ талабад.
Ҳаштум, бояд ки ба ҷоҳу такарруби худ мағрур нагард ва ба ағрозу икроми подшоҳ қадам аз ҳадди худ фаротар наниҳад ва дар одоби Ибни Муқаффаъ мазкур аст, ки агар султон туро баробар гардонад, ту ӯро худованд дон ва агар номи фарзанди бар ту ниҳад, ту худро ходим шинос ҳар чанд ӯ таъзими ту афзояд, ту дар хизматгорӣ ва тавозӯъ афзой. Байт:
Шоҳ агар лутфи бе адад ронад,
Банда бояд ки қадри худ донад.
Ва бибояд донист, ки агар аз амире дар ғояти ихтиёр ва ниҳояти иқтидор бошад, сурате дар вуҷуд ояд, ки шабеҳ бошад ба фармонгузории султон ва сиёсати вай албатта макрӯҳи табъи ашрафи подшоҳ хоҳад буд, агарчи зоҳир накунад дар хотир нигоҳ хоҳад дошт. Байт:
Макун дар мулки султон ҳар чи хоҳӣ,
Ки ширкат барнатобад подшоҳӣ.
Овардаанд, ки бародари султон Маҳмуди ғозӣ ғуломеро аз бандагони дирамхарида, ки аз вай гуноҳи азим дар вуҷуд омада буд, бифармуд, то фурӯ кашиданд дар пеши вай ва чӯб заданд. Ғулом ба тазаллум пеши султон омад. Султон дарҳол амр кард, то таблу нақора ва кӯсу алам ва асбоби навбати салтанат ба дари хонаи бародараш бираванд. Бародараш чун он ҳол мушоҳада намуд, аз ғояти хавф ва изтироб бе таваккуф ба даргоҳи султон омад ва сари ниёз бар замини хузуъ ниҳод ва гуфт: «Аз банда чӣ содир шуд ва кадом ҷурм воқеъ гашт, ки мӯҷиби он бошад, ки асбоби салтанат ба дари хонаи банда фиристанд?» Султон фармуд, ки агар салтанат ҳаққи ман аст, ту бо фурӯ кашидану чӯб задан чӣ кор дорӣ? Эй, кош он ҳолат ба арзи ман расидӣ, то тафаҳҳусе кардаме ва нагузоштаме, ки аз молик бар мамлук ҳайфе равад на аз мамлук бар молик ва ҳақ субҳонаҳу ва таоло, ки бандагон ба ман супурда ҷавоби он, маро бояд гуфт, на туро. Баъд аз он ба шафоати бисёр гуноҳи бародар авф фармуд. Маснавӣ:
Сиёсат нашӯяд зи короғаҳон,
Ки он хос бошад ба шоҳаншаҳон.
Далерӣ макун бар дари шаҳриёр,
Муҳиммоти эшон ба шоҳон гузор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор